×

Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 аз 26 ноябри соли 2025, № 654

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 ноябри соли 2025, № 654

Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 (минбаъд – Барномаи мазкур) ба муайянсозии ҳадаф, афзалият ва тадбирҳо ҷиҳати ислоҳот, рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷро нигаронида шуда, бо мақсади иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 декабри соли 2023 зикр гардидаанд, таҳия шудааст.

2. Ташаккули давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, рушди минбаъдаи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандро бо дарназардошти баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешбинӣ менамояд. Бо дар назар доштани ин омилҳо пурзӯр намудани нақши Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Хадамот) ва ба он додани мақоми муосиру пешрафта, ки мақомоти иҷрои маҷбурии давлатҳои мутараққии ҷаҳон доранд, мувофиқи мақсад мебошад.

3. Бо мақсади ҳалли мушкилоти зикргардида Барномаи мазкур роҳҳои асосии фаъолияти минбаъдаи мақомоти иҷроро тибқи вазифаҳои нави ба зиммаи он вогузоршаванда, ки аз баланд бардоштани нақш ва масъулияти мақомоти иҷро дар татбиқи сиёсати ҳуқуқии давлат бармеоянд, муқаррар менамояд.

2. ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ ҶОРӢ

§1. Вазъи ҳуқуқӣ ва ташкилии Хадамот дар марҳилаи кунунӣ

4. Дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон дар давраи Истиқлоли давлатӣ тағйироти ҷиддӣ ба миён омада, мувофиқан амалияи татбиқи ҳуқуқ низ дигаргун шуда истодааст. Дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамот мавқеи намоёнро ишғол намуда, ҳамчун мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалигардонии сиёсати давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро таъмин менамояд.

5. Зарурати ислоҳоти соҳаи ҳуқуқии ҷомеа аз он бармеояд, ки таҷдиди низоми иқтисодӣ ва сиёсии он таъсиси инфрасохтори ҳуқуқии комилан мувофиқакунандаро тақозо дорад. Дар ин асос ислоҳоти ҳуқуқӣ бояд дар радифи тағйироти иқтисодию сиёсии дар кишвар баамалоянда ҳамоҳанги дошта, дар баъзе ҳолатҳо ҳатто аз онҳо пешсаф бошад, то ин ки ислоҳоти татбиқшавандаро дар доираи меъёрҳои дахлдор танзим намояд.

6. Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018, №1043 «Дар бораи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №332 «Дар бораи масъалаҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади беҳтар намудани иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ Хадамот бо шумораи умумии воҳидҳои корӣ ба миқдори 378 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла 46 воҳиди дастгоҳи марказӣ таъсис дода шуда, минбаъд бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, №623, аз 25 июни соли 2024, №373 ва аз 27 сентябри соли 2025, №508 - 33 воҳиди корӣ дар соли 2023 ва 40 воҳиди корӣ дар соли 2024 ҷудо гардида, Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Хадамот дар таҳрири нав тасдиқ карда шуданд.

7. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар Хадамот нишондиҳандаҳои ҳаҷми сарбориҳо аз шумораи кормандон зиёд буда, ба сифати иҷрои вазифа ва функсияҳои онҳо таъсири манфӣ мерасонад, ки бо ин ба номутобиқати воқеии талаботи муосири идоракунӣ ва маъмурикунонӣ оварда мерасонад. Ҳалли масъалаи мазкур яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб гардида, ба рушди мақомоти иҷро заминаи мусоид мегузорад.

...
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «26» ноября 2025 года, №654

Программа развития и цифровизации в органе исполнения Республики Таджикистан на 2026-2030 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1.Программа развития и цифровизации в органе исполнения Республики Таджикистан на 2026-2030 годы (далее – настоящая Программа) направлена ​​на определение целей, приоритетов и мер по реформированию, развитию и цифровизации в органе исполнения и разработана в целях выполнения задач, изложенных в Послании Президента Республики Таджикистан Маджлиси Оли Республики Таджикистан «Об основных направлениях внутренней и внешней политики Республики Таджикистан» от 28 декабря 2023 года.

2.Формирование демократического и правового государства предусматривает дальнейшее развитие прав, свобод человека и гражданина с учётом повышения уровня ответственности во всех сферах жизни общества. Учитывая эти факторы, целесообразно усилить роль Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан (далее – Служба) и придать ей тот современный статус, которым наделены органы принудительного исполнения развитых стран мира.

3.В целях решения указанных проблем настоящей Программой устанавливаются основные пути дальнейшей деятельности органа исполнения согласно возложенных на них новых задач, возникающих в результате повышения роли и ответственности органа исполнения в реализации правовой политики государства.

2. АНАЛИЗ ТЕКУЩЕЙ СИТУАЦИИ

§1. Правовой и организационный статус Службы на современном этапе

4.В прававой системе Таджикистана за период государственной независимости произошли существенные измениями, соответствии с этим меняется и практика правоприменения. Служба занимает важное в структуре Правительства Республики Таджикистан, место и как центральный орган исполнительной власти Республики Таджикистан, обеспечивает реализацию государственной политики и нормативно-правовое регулирование в области организации и государственного регулирования исполнительного производства.

5.Необходимость реформирования общественной правовой сферы исходит из того, что обновление экономической и политической системы требует создания всецело соответствующей правовой инфраструктуры. На этой основе правовые реформы должны координироваться с происходящими в стране экономическими и политическими изменениями, а в некоторых случаях даже опережать их, чтобы регулировать реализуемые реформы в рамках соответствующих норм.

6.На основании указа Президента Республики Таджикистан от 5 апреля 2018 года, №1043 «О Службе исполнения при Правительстве Республики Таджикистан» и постановления Правительства Республики Таджикистан от 21 июня 2018 года, №332 «О вопросах Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан» в целях улучшения исполнения судебных актов, актов государственных органов и должностных лиц была образована Служба с общей численностью сотрудников 378 единиц (без обслуживающего персонала), в том числе 46 единиц центрального аппарата, а в дальнейшем постановлениями Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2022 года, №623, от 25 июня 2024 года, №373 и от 27 сентября 2025 года, №508, в 2024 году – 40, 33 штатных единиц было выделено в 2023 году и Положение, Структура центрального аппарата и План управления Службы были утверждены в новой редакции.

7.Практика показывает, что в Службе показатели объема нагрузки существенно превышают количество сотрудников, оказывая негативное влияние на качество исполнения их задач и функций, тем самым приводя к несоответствию современных требований управления и администрирования. Решение этого вопроса, закладывающего благоприятную основу для развития органа исполнения, считается одним из приоритетных направлений.

...