×

Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 аз 26 ноябри соли 2025, № 652

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 ноябри соли 2025, № 652

Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 (минбаъд - Барнома) бо мақсади тақвияти фаъолияти содиротӣ, рушди содирот, таҳкими истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ таҳия гардидааст.

2.Барнома дар доираи афзалиятҳои муайяннамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо дарназардошти хусусияти муттасилии таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, таҳлил ва сабақи андӯхта аз амалисозии ҳуҷҷатҳои қаблии соҳавӣ марбут ба содирот, инчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №286 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба кам кардани вақт ва хароҷоти субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ барои содирот, воридот ва транзити молҳо» таҳия гардидааст.

3.Барнома барои 5 соли оянда бо дарназардошти се самти асосӣ дар соҳаи савдои хориҷӣ (ҳавасмандгардонии содирот, таъмин намудани гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо), ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 26 декабри соли 2019 таъкид гардида буд, таҳия шудааст.

4.Барнома бо дарназардошти афзоиши талаботи бозорҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергияи истеҳсолшуда таҳия гардидааст. Истеҳсоли молҳои рақобатнок ва иқтисоди «сабз», ки ба истифодаи технологияҳои сарфаҷӯйии энергия ва захираҳои табиӣ асос ёфтааст, омили муҳими афзоиши ҳаҷми содирот ва тақвияти иқтидори содиротии Тоҷикистон мегардад.

5.Дар Барнома самтҳои асосии рушди содироти молҳои афзалиятноки рақобатнок, роҳҳои баланд бардоштани рақобатнокӣ ва тадбирҳои ҳамаҷонибаи ҳавасмандгардонии фаъолияти содиротӣ муайян карда шудааст.

6.Дар асоси баҳодиҳии вазъ ва таҳлили сохтори содирот, тамоюл ва дурнамои рушди бозорҳои хориҷӣ барои солҳои 2026-2030 соҳаҳои афзалиятнок ва маҳсулоти асосии ба содирот нигаронидашуда дақиқ карда шуда, мушкилот ва монеаҳо (маҳдудиятҳо), имконот ва хавфҳо дар бахшҳои содирот ва истеҳсолот муайян гардиданд.

7.Дар Барнома таваҷҷуҳи асосӣ ба тадбирҳои дастгирии фаъолияти содиротӣ ва истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда тавассути тақвияти чораҳои институтсионалии ҳавасмандгардонӣ, аз ҷумла суғуртаи хавфҳои содирот, такмил додани чораҳои ғайримолиявии пешбурди содирот ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ-логистикӣ равона гардидааст.

8.Дар Барнома ҳангоми муайян намудани индикаторҳои баҳодиҳӣ ва нишондиҳандаҳои дурнамои рушди содирот барои солҳои 2026-2030 сенарияҳои некбинона ва шиддатнок пешниҳод шудаанд.

9.Дараҷаи ноилшавӣ ба натиҷаҳои пешбинишуда, пеш аз ҳама, аз рӯйи индикаторҳои мақсаднок, аз ҷумла нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва параметрҳои асосии рушди содирот, истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунӣ аз рӯйи бахшҳо ва тибқи молҳои алоҳида ва хизматрасониҳои асосӣ, баъдан аз рӯйи шохисҳои байналмилалӣ: шохиси тахассуси савдо, шохиси қобилияти рақобати глобалӣ, шохиси тамаркуз ва диверсификатсияи содирот, шохиси шароити савдо, аз ҷумла рейтинги амалисозии тиҷорати Бонки умумиљаҳонӣ, бо дарназардошти тамоюлҳои нави иқтисоди рақамӣ ва «сабз» муайян карда мешавад.

...
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «26» ноября 2025 года, №652

ГОСУДАРСТВЕННАЯ ПРОГРАММА РАЗВИТИЯ ЭКСПОРТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН НА 2026-2030 ГОДЫ

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1.Государственная программа развития экспорта Республики Таджикистан на 2026-2030 годы (далее – Программа) разработана с целью укрепления экспортной деятельности, развития экспорта, укрепления ориентированного на экспорт производства, создания благоприятных условий для реализации государственной политики в области внешнеэкономической деятельности, повышения конкурентоспособности отечественной продукции на внутреннем и внешнем рынках.

2.Программа разработана в рамках приоритетов, определенных Основателем мира и национального единства – Лидером нации, Президентом Республики Таджикистан уважаемым Эмомали Рахмоном и Национальной стратегией развития Республики Таджикистан до 2030 года с учетом принципа последовательной разработки документов стратегического планирования, анализа и извлеченных уроков из реализации предыдущих профильных документов, связанных с экспортом, а также положений постановления Правительства Республики Таджикистан от 31 мая 2018 года, №286 «О плане мероприятий по сокращению времени и затрат субъектов внешнеэкономической деятельности на экспорт, импорт и транзит товаров».

3.Программа рассчитана на 5 лет с учетом трех основных направлений в сфере внешней торговли (стимулирование экспорта, обеспечение диверсификации ориентированного на экспорт производства и упрощение торговых процедур), которые были подчеркнуты в Послании Президента Республики Таджикистан Маджлиси Оли «Об основных направлениях внутренней и внешней политики Республики Таджикистан» от 26 декабря 2019 года.

4.Программа разработана с учетом роста спроса на региональных и мировых рынках на экологически чистую продукцию, произведенную с использованием возобновляемых источников энергии. Производство конкурентоспособных товаров и «зеленая» экономика, основанная на технологиях энергосбережения и природных ресурсов, станет важным фактором увеличения объемов экспорта и укрепления экспортного потенциала Таджикистана.

5.В Программе определены основные направления развития экспорта приоритетных конкурентоспособных товаров, пути повышения конкурентоспособности и комплексные меры по стимулированию экспортной деятельности.

6.На основе оценки ситуации и стратегического анализа объемов и структуры экспорта, тенденций и перспектив развития внешних рынков на 2026-2030 годы уточнены приоритетные отрасли и основные ориентированные на экспорт товары, выявлены проблемы и препятствия (ограничения), возможности и риски в экспортных и производственных секторах.

7.В Программе основное внимание уделяется мерам поддержки экспортной деятельности и ориентированного на экспорт производства посредством усиления институциональных мер стимулирования, включая страхование экспортных рисков, совершенствование нематериальных мер продвижения экспорта и развитие транспортно-логистической инфраструктуры.

8.В Программе при определении индикаторов оценки и прогнозных показателей развития экспорта на 2026-2030 годы предложены оптимистичный и интенсивный сценарии.

9.Степень достижения предусмотренных результатов определяется, прежде всего, по целевым индикаторам, включая макроэкономические показатели и ключевые параметры развития экспортоориентированного производства и импортозамещения по отраслям и отдельным товарам и основным услугам, а затем по международным индексам: индексу специализации торговли, индексу глобальной конкурентоспособности, индексу концентрации и диверсификации экспорта, индексу торговых условий, включая рейтинг реализации торговых процедур Всемирного Банка, с учетом новых тенденций цифровой и «зеленой» экономики.

...