ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли моликият, ҷиҳати иҷрои пурра ва самараноки Барнома ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он тадбирҳои мушаххас андешанд.
3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои амалисозии Барнома ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он ҳар сол то 1 феврал маълумот пешниҳод намоянд.
4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳар сол то 1 март оид ба рафти иҷрои Барнома ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;
- дар ҳолати тағйирёбии вазъи бозорҳои ҷаҳон, инчунин таъсири омилҳои манфии беруна ба иқтисодиёти миллӣ, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба нишондиҳандаҳои асосии Барнома ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 ноябри соли 2025, №652
...