ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №374
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Оинномаи Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи Лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №374 «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи Лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) ба банди 1 пас аз калимаи «Рушд» калимаҳои «, инчунин шарикони рушди дигар» илова карда шаванд;
2) дар банди 2, сархатҳои чорум, панҷум, ҳафтум, ҳаштум ва нуҳуми банди 6, бандҳои 8, 9, 14, 16, 17 ва 18 калимаҳои «Фонди Саудии Рушд» ба калимаҳои «шарикони рушд» иваз карда шаванд;
3) дар сархати дуюми банди 4 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз гардида, сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- бо забони англисӣ: State Enterprise «Project Implementation Unit for Construction and Equipping of Schools.»;
4) дар номи боби III, бандҳои 8 ва 15 калимаҳои «ӯҳдадориҳои» ва «ӯҳдадор» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳои» ва «уҳдадор» иваз карда шаванд;
5) дар банди 7:
- сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- семинар-машваратҳо вобаста ба технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ ва рақамикунонӣ гузаронад;»;
- дар сархати ҳафтум калимаҳои «Фонди Саудии Рушд» ба калимаҳои «шарикони рушд» иваз карда шаванд;
...