ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади дастгирии давлатӣ ва ҷалби духтарони деҳоти дурдасти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва писарони болаёқат ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Маблағгузории донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои таҳсил дар солҳои 2026-2030 равона мешаванд, дар доираи маблағҳои ҳарсолаи барои нигоҳдорӣ ва фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешбинишуда амалӣ карда шавад.
3. Вазорату идораҳои соҳавӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дахлдор дар доираи квотаҳои муқарраршуда, бо дарназардошти афзалиятнокии ихтисосҳои омӯзгорӣ ва тиббӣ, ҳар сол то 1 март барои соли таҳсили оянда номгӯйи ихтисосҳоро барои духтарони деҳоти дурдасти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва писарони болаёқат таҳия ва ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи мазкур ҳар сол то 10 ноябр бо дарназардошти талаботи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба мутахассисон, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор нақшаи қабули донишҷӯёнро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили оянда аз рӯйи ихтисосҳо таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
5. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 15 август ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 маълумоти муфассал пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 22 ноябри соли 2025, № 636
...