Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2025, № 607 "Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2024, №470"

Санаи амалкуни: 01.12.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2024, №470


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Гурӯҳи 69 «Маснуоти керамикӣ» замимаи 1 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2024, № 470 «Дар бораи Меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосноккунии таъсири паёмадҳои манфии воридоти кошин ва серанитро ба истеҳсолкунандагони ватанӣ ҷиҳати ирсоли минбаъда ба котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод намоянд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи қабули қарори мазкур огоҳ намояд.

4. Қарори мазкур аз 1 декабри соли 2025 мавриди амал қарор дода шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 21 ноябри соли 2025, № 607


Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 августа 2024 года, №470

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Группу 69 «Керамические изделия» приложения 1 к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 28 августа 2024 года, №470 «О Ставках ввозных таможенных пошлин Республики Таджикистан» утвердить в новой редакции (прилагается).

2. Министерству промышленности и новых технологий Республики Таджикистан, Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан и Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан представить обоснование влияния негативных последствий импорта кафеля и серанита на отечественных производителей для дальнейшей передачи в секретариат Всемирной Торговой Организации и Исполнительный комитет Содружества Независимых Государств.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке информировать секретариат Всемирной Торговой Организации и Исполнительный комитет Содружества Независимых Государств о принятии настоящего постановления.

4. Настоящее постановление ввести в действие с 1 декабря 2025.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 21 ноября 2025 года №607