ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018, №376
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Оинномаи Муассисаи давлатии «Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018, № 376 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
1) банди 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«19. Донишгоҳ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои ватанӣ ва хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд»;
2) сархати дувоздаҳуми банди 31 хориҷ карда шавад;
3) дар банди 94 калимаи «граждании» ба калимаи «мадании» иваз карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 октябри соли 2025, № 562
...