ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Қоидаҳои истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи қисми 2 моддаи 14 Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои Қоидаҳои мазкур чораҳои дахлдор андешанд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2002, №359 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 октябри соли 2025, № 553
...