ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Нақшаи амал оид ба содагардонии расмиёти савдои бекоғази наздисарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Нақшаи амал оид ба содагардонии расмиёти савдои бекоғази наздисарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2.Ҳамоҳангсозии корҳо оид ба мониторинг ва амалисозии Нақшаи мазкур ба зиммаи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.
3.Вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии Нақшаи мазкур тадбирҳои мушаххас андешида, аз натиҷаи амалисозии он ҳар нимсола ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
4.Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 феврал оид ба амалисозии Нақшаи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
5.Амалигардонии Нақшаи мазкур бо ҷалби маблағҳои буҷети давлатӣ ва кумаки техникӣ, воситаҳои молиявии шарикони рушд ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба роҳ монда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 октябри соли 2025, № 552
...