ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Нақшаи амали Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2028)
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нақшаи амали Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2028) тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалисозии Нақшаи амали мазкур дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва аз ҳисоби сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, тадбирҳо андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ҳар сол то 10 феврал ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз ҷараёни иҷрои Нақшаи амали мазкур ҳар сол то 20 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 сентябри соли 2025, № 517
...