Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2023 №377 "Дар бораи Тартиби такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф"

Санаи амалкуни: 03.08.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 майи 2023 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1229

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

Дар бораи Тартиби такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф
170.040.080.


Мутобиқи моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»,


ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1. Тартиби такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф уҳдадор карда шавад, ки такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифро тибқи фармоиши мазкур ба роҳ монад.

3. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

4. Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №2876 «Дар бораи тасдиқи «Тартиби такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 июни соли 2014, №742 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.

...
Зарегистрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан 11 мая2023 года,
регистрационный номер 1229

МИНИСТЕРСТВО ОБРАЗОВАНИИ И НАУКИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

РАСПОРЯЖЕНИЕ

О Порядке повышения квалификации и переподготовки работников сферы образования
170 040 080.

В соответствии со статьей 33 Закона Республики Таджикистан «Об образовании» и статьи 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах»,

РАСПОРЯЖАЮСЬ:

1.Утвердить Порядок повышения квалификации и переподготовки работников сферы образования (прилагается).

2.Обязать ректора Республиканского института повышения квалификации и переподготовки работников сферы образования проводить повышение квалификации и переподготовку работников сферы образования в соответствии с настоящим распоряжением.

3.Настоящее распоряжение представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

4.Признать утратившим силу распоряжение министра образования и науки Республики Таджикистан от 19 ноября 2013 года, №2876 «Об утверждении «Порядка повышения квалификации и переподготовки работников сферы образования», зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 17 июня 2014 года, №742.

5.Контроль за выполнением настоящего распоряжения возложить на заместителя министра образования и науки Республики Таджикистан-куратора отрасли.

Министр                               Саидзода Рахим Хамро
...