Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 11 майи 2023 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,рақами бақайдгирӣ 1229
Замима
ба фармоиши вазири маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 апрели соли 2023,
№ 377ТАРТИБИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМӮЗИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ
1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф (минбаъд-Тартиб) дар асоси моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҳия гардида, тартиби такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифро муқаррар менамояд.
2. Тартиби мазкур мазмун, мундариҷа, меъёрҳои асосии курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифро муайян карда, сохтор ва талаботи умумиро ба барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, меъёрҳои умумии сарборӣ, шаклҳои такмили ихтисос, аттестатсияи ҷамъбастии курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва самтҳои сифати таълимро ба танзим медарорад.
3. Такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ҳамчун таҳсилоти баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба амал бароварда мешавад.
4. Такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф аз тарафи муассисаҳои таълимии давлатӣ, ки иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илмро барои пешбурди фаъолияти таълимӣ доранд, ройгон ва ё дар асоси шартнома пулакӣ амалӣ карда мешавад.
5. Такмили ихтисос дар шакли рӯзона, ғоибона, фосилавӣ ва омехта ташкил карда мешавад.
6. Такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф дар 3 ё 5 сол як маротиба ба роҳ монда мешавад.
7. Сафарбар намудани кормандони соҳаи маориф ба курсҳои такмили ихтисос бо дар назар доштани сатҳи омодагӣ ва категорияи тахасуссии кормандон дар асоси нақшаи дурнамои такмили ихтисоси омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии тасдиқнамудаи сарраёсат, раёсат, шуъба ва бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ба амал бароварда мешавад.
8. Дар таъмин намудани иштироки кормандони соҳаи маориф дар курсҳои такмили ихтисос ва иҷрои нақшаи курси такмили ихтисос сарраёсат, раёсат, шуъба ва бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ масъул мебошанд.
...