Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2025, № 449 "Дар бораи Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ


Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, № 508 «Дар бораи Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» аз эътибор соқит карда шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 августи соли 2025, № 449