Фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2022 №1661 "Дар бораи Тартиби хориҷ, барқароркунӣ ва гузариши таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
12 декабри соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1204


ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ


Дар бораи Тартиби хориҷ, барқароркунӣ ва гузариши таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
170.040.050.

Мутобиқи моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», банди 63 Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №94 тасдиқ шудааст ва банди 8 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 тасдиқ шудааст,

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1. Тартиби хориҷ, барқароркунӣ ва гузариши таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ якҷо бо шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ уҳдадор карда шаванд, ки бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмии фармоиши мазкурро таъмин намоянд.

3. Директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хориҷ, барқароркунӣ ва гузариши таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро тибқи фармоиши мазкур ба роҳ монанд.

4. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

...
Зарегистрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан 12 декабря 2022 года,
регистрационный номер 1204

МИНИСТЕСТВО ОБРАЗОВАНИЯ И НАУКИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

РАСПОРЯЖЕНИЕ

О Порядке отчисления, восстановления и перевода обучающихся в учреждениях среднего профессионального образования Республики Таджикистан
170.040.050.

В соответствии со статьей 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах», пунктом 63 Типового положения среднего профессионального образования образовательных учреждений Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 марта 2018 года, №94 и пунктом 8 Положения Министерства образования и науки Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №145,

РАСПОРЯЖАЮСЬ:

1.Утвердить порядок отчисления, восстановления и перевода обучающихся в учреждениях среднего профессионального образования Республики Таджикистан (прилагается).

2.Управлению начального и среднего профессионального образования вместе с отделом правового обеспечения обеспечить государственную регистрацию и официальное опубликование настоящего распоряжения.

3.Директорам средних профессиональных образовательных учреждений, независимо от организационно правовой формы, отчисление, восстановление и перевод обучающихся учреждений среднего профессионального образования осуществлять согласно настоящему распоряжению.

4.Настоящее распоряжение представить для государственной регистрации в Министерство юстиции Республики Таджикистан и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

5.Признать утратившими силу следующие распоряжения министра образования и науки Республики Таджикистан:

- распоряжение министра образования и науки Республики Таджикистан от 4 февраля 2020 года, №160 «Об утверждении Положения о переводе, восстановлении и отчислении учащихся и студентов среднего профессионального образования Республики Таджикистан», зарегистрированного в Министерстве юстиции Республики Таджикистан от 11 марта 2011 года, №567;

...