Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 24 июни соли 2025, № 369 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №331"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №331


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, № 331 «Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1)дар номи қарор ва тамоми матн калимаи «Шӯрои» ба калимаи «Шурои» иваз карда шавад;

2)дар замимаи 1:

- дар ном ва минбаъд дар тамоми матн калимаҳои «ШӮРОИ», «Шӯрои», «шӯрои», «Шӯро», «ШӮРО» ва «Шўроро» мувофиқан ба калимаҳои «ШУРОИ», «Шурои», «Шурои», «Шуро», «ШУРО» ва «Шуроро» иваз карда шаванд;

- ба банди 1 пас аз калимаи «онҳо» аломат ва калимаҳои «, инчунин додани пешниҳоду тавсияҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳо ва мушкилиҳои рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд;

- ба банди 4 сархатҳои панҷум, шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«- таҳияи пешниҳоду тавсияҳо вобаста ба вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва татбиқи технологияҳои муосири пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳия ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба такмил додани қонунгузорӣ дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳия ва манзур намудани пешниҳод ва тавсияҳои мувофиқашуда ба мақомоти танзимкунанда ва назоратӣ, инчунин иштирокчиёни низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмил ва рушди низоми пардохтӣ, афзудани бехатарӣ, самаранокӣ ва сифати хизматрасонии пардохтӣ;»;

- ба банди 5 сархатҳои панҷум ва шашум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«- ҷиҳати такмили қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигаре, ки масъалаҳои суботи молиявӣ ва низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамоянд, тавсияҳо манзур намояд;

- амалисозии лоиҳаҳои байниидоравии низоми пардохтиро ҳамоҳанг намояд;»;

- ба банди 6 сархатҳои шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«- манзур намудани пешниҳодҳо ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва татбиқи технологияҳои муосири пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- пешниҳоди таклифҳо ҷиҳати тавсеаи инфрасохтори низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фарогирии молиявии аҳолӣ бо хизматрасониҳои муосири пардохтӣ;»;

- ба қисми муқаддимавии банди 22 пас аз калимаи «бонкӣ» аломат ва калимаи «, пардохтӣ» илова карда шавад;

- ба банди 22 сархати сенздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- таҳлили вазъи низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон;»;

- ба банди 30 сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- таъмини фаъолияти муттасили низоми пардохтӣ;»;

3) ба замимаи 2:

- дар ном ва минбаъд дар тамоми матн калимаҳои «Шӯрои» ва «Шӯро» мувофиқан ба калимаҳои «Шурои» ва «Шуро» иваз карда шаванд;

- сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - узви доимии Шуро».


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 24 июни соли 2025, № 369



Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 21 июня 2018 года, №331

В соответствии со статьёй 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 21 июня 2018 года, № 331 «О создании Национального совета финансовой стабильности в Республике Таджикистан» следующие дополнения:

1)в приложении 1:

-пункт 1 после слов «таких рисков» дополнить знаком и словами «, также представление предложений и рекомендаций, связанных с решением задач и проблем развития платёжной системы Республики Таджикистан»;

-пункт 4 дополнить абзацами пятым, шестым и седьмым следующего содержания:

«- разработка предложений и рекомендаций по расширению безналичных расчётов и внедрению современных платёжных технологий в Республике Таджикистан;

-разработка и представление рекомендаций по совершенствованию законодательства о платежных услугах и платёжной системе Республики Таджикистан;

- разработка и представление согласованных предложений и рекомендаций регулирующим и надзорным органам, а также участникам платёжной системы Республики Таджикистан по совершенствованию и развитию платёжной системы, повышению безопасности, эффективности и качества платёжных услуг;»;

-пункт 5 дополнить абзацами пятым и шестым следующего содержания:

«- представлять рекомендации по совершенствованию законов и других нормативных правовых актов, регулирующих вопросы финансовой стабильности и платёжной системы Республики Таджикистан;

- координировать реализацию межведомственных проектов по платёжной системе;»;

-пункт 6 дополнить абзацами шестым и седьмым следующего содержания:

«- внесение предложений по выявлению путей решения вопросов, связанных с расширением безналичных расчетов и внедрением современных платёжных технологий в Республике Таджикистан;

- предоставление предложений по расширению инфраструктуры платёжной системы Республики Таджикистан и финансового охвата населения современными платёжными услугами;»;

-вводную часть пункта 22 после слова «банковской» дополнить знаком и словом «, платежной»;

-пункт 22 дополнить абзацем тринадцатым следующего содержания:

«- анализ состояния платёжной системы Республики Таджикистан;»;».

-пункт 30 дополнить абзацем пятым следующего содержания:

«- обеспечение бесперебойного функционирования платёжной системы;»;

2)приложение 2 дополнить абзацем четвертым следующего содержания:

«Директор Агентства инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан - постоянный член Совета».

Председатель Правительства Республики Таджикистан            Эмомали Рахмон


г. Душанбе, 24 июня 2025 года, № 369