×

Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2025, № 355

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 июни соли 2025, № 355

Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Дастурамал) раванди ба роҳ мондани коргузорӣ ва назоратро муқаррар карда, кор бо ҳуҷҷатҳоро аз лаҳзаи таҳия, ворид, баҳисобгирӣ, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ ва гардиши минбаъдаи онҳоро то бойгоникунонӣ тавассути низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ (минбаъд – низом) дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатӣ (минбаъд – идора) танзим менамояд.

Низом – ин маҳсулоти барномавие мебошад, ки он аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи гардиши ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ муайян гардида, тавассути он гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ байни иштирокдорони ҳамкории иттилоотӣ ба роҳ монда мешавад.

2.Раванди коргузорӣ марбут ба фаъолияти қонунгузорӣ дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби баррасии аризаҳои даъвогӣ ва парвандаҳо дар судҳо тибқи тартиби муқаррнамудаи қонунгузорӣ амалӣ мешавад.

3.Ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳо дар шакли коғазӣ дар бланкаи расмӣ ва чопи ранга пешниҳод карда мешаванд.

4.Тартиби кор бо ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти сирри давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ амалӣ карда мешавад.

5.Забони коргузорӣ ва мукотибот байни идораҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат мегирад. Дар ҳолатҳои дахлдор идора мукотибаро бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонад бо яке аз забонҳои хориҷӣ (русӣ ё англисӣ) бо тартиби муқарраргардида амалӣ намояд.

6.Дар сурати мавҷуд будани низоми дохилии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ иштирокдорони ҳамкории иттилоотӣ бояд тибқи тартиби муқарраргардида бо низоми ягона ҳамгироиро анҷом диҳанд.

7.Дар сурати мавҷуд набудани низоми гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, иштирокдорони ҳамкории иттилоотӣ бояд низоми ягонаро истифода намоянд.

...
Приложение 
к постановлению Правительства 
Республики Таджикистан 
от «23» июня 2025 года, №355

Типовая инструкция по делопроизводству в государственных органах, предприятиях, учреждениях и других государственных организациях Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЕ

1. Типовая инструкция по делопроизводству в государственных органах, предприятиях, учреждениях и других государственных организациях Республики Таджикистан (далее - Инструкция) устанавливает процесс делопроизводство и контроля и регулирует работу с документами с момента их подготовки, поступления, учета, использования, хранения и последующего обращения до архивирования через единую межведомственную систему электронного документооборота (далее - система) в центральных и местных исполнительных органах государственной власти, органах самоуправления поселков и сел, предприятиях, учреждениях и других государственных организациях (далее - ведомства).

Система — это программный продукт, определяемый уполномоченным органом в сфере электронного документооборота и электронной подписи, посредством которого осуществляется электронный документооборот между участниками информационного взаимодействия.

2.Процесс делопроизводство, связанный с законодательной деятельностью в Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, и порядок рассмотрения исковых заявлений и дел в судах осуществляются в порядке, установленном законодательством.

3.На имя Президента Республики Таджикистан, Правительства Республики Таджикистан и Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан документы представляются в бумажном виде на официальном бланке и цветной печати.

4.Порядок работы с документами, имеющими сведения составляющие государственную тайну, осуществляется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан о защите государственной тайны.

5.Язык делопроизводства и переписки между ведомствами осуществляются в соответствии с требованиями Закона Республики Таджикистан «О государственном языке Республики Таджикистан». В соответствующих случаях ведомства может вести переписку с юридическими и физическими лицами на одном из иностранных языков (русский или английский) в установленном порядке.

6.В случае, существования внутренней системы электронного документооборота, участники информационного взаимодействия в установленном порядке, должны будут провести интеграцию с единой системой.

7.В случае, отсутствия системы электронного документооборота, участники информационного взаимодействия, должны использовать единую систему.

8.Обязанности по соблюдению требований настоящей Инструкции возлагаются на структурные подразделение ведомства.

...