ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2.Мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатии Чумҳурии Тоҷикистон коргузориро тибқи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд.
3.Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади самаранок ба роҳ мондани коргузории электронӣ корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намояд.
4.Мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз 1 июли соли 2025, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2027 гардиши пурраи электронии ҳуҷҷатҳоро тавассути низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ба роҳ монанд.
5.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017, № 358 «Дар бораи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 январи соли 2027 аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 23 июни соли 2025, № 355
...