Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025, №334 "Дар бораи Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029


Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2.Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он чораҳои амалӣ андешида, ҳамасола то 1 феврал ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3.Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он ҳар сол то 1 март тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.


Раиси  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмонов
ш. Душанбе, аз 29 майи соли 2025, №334



Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Программе цифровизации сельского хозяйства Республики Таджикистан на 2025-2029 годы

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Программу цифровизации сельского хозяйства Республики Таджикистан на 2025-2029 годы и План мероприятий по реализации Программы цифровизации сельского хозяйства Республики Таджикистан на 2025-2029 годы (приложения 1 и 2).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов принять практические меры по выполнению настоящей Программы и Плана мероприятий по её реализации и ежегодно до 1 февраля представлять информацию в Министерство сельского хозяйства Республики Таджикистан.

3.Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан ежегодно до 1 марта в установленном порядке предоставлять в Правительство Республики Таджикистан информацию о ходе выполнения настоящей Программы и Плана мероприятий по её реализации.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 29 мая 2025 года №334