ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Барномаи давлатии таъмини оби нушокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи давлатии таъмини оби нўшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2.Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии онро таъмин карда, аз натиҷааш ҳар сол то 20 феврал ба Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3.Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 майи соли 2025, № 332
...