Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025, № 323 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2015, №564"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2015, №564


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Ба Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рущди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2015, №564 «Дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар сархати якуми бандҳои 8 ва 11 калимаи «ҷаласаҳои» ба калимаи «чаласаи» иваз карда шавад;

- дар банди 19 калимаи «шашмоҳа» ба калимаи «сол» иваз карда шавад;

- дар банди 20 калимаҳои «Ҷаласаҳои» ва «шаш моҳ» мувофиқан ба калимаҳои «Ҷаласаи» ва «як сол» иваз карда шаванд,

2.Ба ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2015, №564 «Дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- сархатҳои бисту ҳафтум, бисту ҳаштум, бисту нуҳум ва сиюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;»;

- сархатҳои сиву шашум ва сиву ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

«ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»;

роҳбарони Шӯрои коршиносони соҳаи сайёҳӣ (9 нафар дар мувофиқа).».


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 29 майи соли 2025, № 323



Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 сентября 2015 года, №564

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Внести в Положение о Национальном координационном совете по развитию сферы туризма при Правительстве Республики Таджикистан, утверждённое постановлением Правительства Республики Таджикистан от 5 сентября 2015 года, №564 «О создании Национального координационного совета по развитию сферы туризма при Правительстве Республики Таджикистан», следующие изменения:

- в абзаце первом пунктов 8 и 11 слова «заседаний» и «заседаниях» соответственно заменить словами «заседании» и «заседания»;

- в пункте 19 слова «каждые шесть месяцев» заменить словом «ежегодно»;

- в пункте 20 слова «Заседания» и «шесть месяцев» соответственно заменить словами «Заседание» и «год».

2.Внести в состав Национального координационного совета по развитию сферы туризма при Правительстве Республики Таджикистан, утверждённый постановлением Правительства Республики Таджикистан от 5 сентября 2015 года, №564 «О создании Национального координационного совета по развитию сферы туризма при Правительстве Республики Таджикистан» следующие изменения и дополнения:

- дополнить абзацами двадцать седьмым, двадцать восьмым, двадцать девятым и тридцатым следующего содержания:

«заместитель председателя Комитета по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан;

заместитель начальника Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан; 

заместитель директора Агентства гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан;

заместитель директора Агентства по инновациям и цифровым технологиям при Президенте Республики Таджикистан;»;

- абзацы тридцать шестой и тридцать седьмой изложить в следующей редакции:

«ректор Государственного образовательного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана»;

руководители Совета экспертов в сфере туризма (9 человек по согласованию).».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 29 мая 2025 года №323