Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2021 № 256)
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад
2. Низомнома ва ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд)
3. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро таъсис дода, фаъолияти пурсамари онро таъмин намоянд .
4. Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯроҳо оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар назди раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сайёҳӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва Низомномаи мазкур ба роҳ монанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 5 сентябри соли 2015 № 564
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О создании Национального координационного совета по развитию сферы туризма при Правительстве Республики Таджикистан
(в редакции постановления Правительства РТ от 26.06.2021г.№256)
В соответствии со статьей 16 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет
1. Создать Национальный координационный совет по развитию сферы туризма при Правительстве Республики Таджикистан
2. Утвердить Положение и состав Национальный координационный совет по развитию сферы туризма при Правительстве Республики Таджикистан (прилагаются)
3. Председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов создать областные, городские и районные советы и обеспечить их эффективную деятельность.
4. Национальному координационному совету по развитию сферы туризма при Правительстве Республики Таджикистан и советам по координации деятельности в сфере туризма при председателях ГорноБадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов вести свою деятельность на основании Закона Республики Таджикистан "О туризме", других соответствующих нормативных правовых актов и настоящего Положения
Председатель
Правительства Pecпублики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 5 сентября 2015 года, №564