Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 апрели соли 2025 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 13301
КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармоиши раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 27 феврали соли 2025, №66
170.040.050.
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Ба Тартиби хориҷ ва барқароркунии донишҷӯён, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим, ки бо фармоиши раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми феврали соли 2025-ум, №66 «Дар бораи Тартиби хориҷ ва барқароркунии донишҷӯён, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим» тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 марти соли 2025, №1330 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
- дар банди 7 калимаи «нарасидаанд» ба калимаи «расидаанд» иваз карда шавад;
- дар банди 9 пас аз калимаи «заминаи» калимаҳои «таҳсилоти умумии асосӣ (аз синни 18 боло) ва» илова карда шаванд;
- дар банди 14 калимаҳои «даври академӣ» ба калимаҳои «соли таҳсил» иваз карда шаванд;
- дар банди 25 пас аз калимаҳои «муассисаи таълимии қабулкунандаи хориҷи кишвар» калимаҳои «ва мактуби огоҳии донишҷўй ба унвонии мақоми ваколатдор дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» илова карда шаванд.
2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод Қодир
ш. Душанбе, аз 14 апрели соли 2025 № 98
Зарегистрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан
от 21 апреля 2025 года,
регистрационный номер 13301
КОМИТЕТ ПО НАЧАЛЬНОМУ И СРЕДНЁМУ ПРОФЕССИОНАЛЬНОМУ ОБРАЗОВАНИЮ ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
РАСПОРЯЖЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в распоряжение председателя Комитета по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан от 27 февраля 2025 года, №66
170.040.050.
В соответствии со статьёй 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах»,
РАСПОРЯЖАЮСЬ:
1. Внести в Порядок отчисления и восстановления студентов, перевода с одного образовательного учреждения среднего профессионального образования в другое образовательное учреждение среднего профессионального образования, из одной специальности на другую специальность, из одной формы обучения в другую форму обучения, утверждённого распоряжением председателя Комитета по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан от 27 февраля 2025 года, №66 «О Порядке отчисления и восстановления студентов, перевода с одного образовательного учреждения среднего профессионального образования в другое образовательное учреждение среднего профессионального образования, из одной специальности на другую специальность, из одной формы обучения в другую форму обучения», зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 12 марта 2025 года, №1330, следующие изменения и дополнения:
- в пункте 7 слова «не достигших» заменить словом «достигших»;
- пункт 9 после слова «основе» дополнить словами «общего образования (с выше 18 лет) и»;
- в пункте 14 слова «академического периода» заменить словами «учебного года»;
- пункт 25 после слов «принимающего образовательного учреждения за границей» дополнить словами «и уведомительного письма студента уполномоченному органу в сфере начального и среднего профессионального образования».
2. Настоящее распоряжение представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
3. Контроль за исполнением настоящего распоряжения возложить на первого заместителя председателя Комитета по начальному и среднёму профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан – куратора отрасли.
Председатель Комитета по начальному
и среднему профессиональному
образованию при Правительстве
Республики Таджикистан Фарход Рахими Кодир
г. Душанбе от 14 апреля 2025 года №98