Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 марти соли 2025 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1330
КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
Дар бораи Тартиби хориҷ ва барқароркунии донишҷӯён, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим
170.040.050.
Мутобиқи моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва банди 51 Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №654 тасдиқ шудааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1.Тартиби хориҷ ва барқароркунии донишҷӯён, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2.Директорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, новобаста аз мақоми ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, хориҷ ва барқароркунии донишҷӯён, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълимро тибқи Тартиби мазкур ба роҳ монанд.
3.Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4.Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2022, №1661 «Дар бораи Тартиби хориҷ, барқароркунӣ ва гузариши таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 декабри соли 2022, №1204 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
Раёсати таҳсилоти миёнаи касбӣ рафти амалигардонии фармоиши мазкурро таъмин намояд.
5.Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод Қодир
ш. Душанбе, аз 27 феврали соли 2025 № 66
Зарегистрировано Министерством юстиции Республики Таджикистан 12 марта 2025года, регистрационный номер 1330
КОМИТЕТ ПО НАЧАЛЬНОМУ И СРЕДНЕМУ ПРОФЕССИОНАЛЬНОМУ ОБРАЗОВАНИЮ ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
РАСПОРЯЖЕНИЕ
О Порядке отчисления и восстановления студентов, перевода с одного образовательного учреждения среднего профессионального образования в другое образовательное учреждение среднего профессионального образования, из одной специальности на другую специальность, из одной формы обучения в другую форму обучения
170.040.050.
В соответствии со статьёй 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» и пунктом 51 Типового положения об образовательном учреждении среднего профессионального образования Республики Таджикистан, утверждённого постановлением Правительства Республики Таджикистан от 26 декабря 2024 года, №654,
РАСПОРЯЖАЮСЬ:
1. Утвердить Порядок отчисления и восстановления студентов, перевода с одного образовательного учреждения среднего профессионального образования в другое образовательное учреждение среднего профессионального образования, из одной специальности на другую специальность, из одной формы обучения в другую форму обучения (прилагается).
2. Директорам средних профессиональных образовательных учреждений, независимо от их организационно-правового статуса и форм собственности, осуществлять в соответствии с настоящим Порядком отчисления и восстановления студентов, перевода с одного образовательного учреждения среднего профессионального образования в другое образовательное учреждение среднего профессионального образования, из одной специальности на другую специальность, из одной формы обучения в другую форму обучения.
3. Настоящее распоряжение представить для государственной регистрации в Министерство юстиции Республики Таджикистан и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
4. Признать утратившими силу распоряжение министра образования и науки Республики Таджикистан от 22 ноября 2022 года, №1661 «О Порядке отчисления, восстановления и перевода обучающихся в учреждениях среднего профессионального образования Республики Таджикистан», зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 12 декабря 2022 года, №1204.
5. Управлению среднего профессионального образования обеспечить процесс реализации настоящего распоряжения.
6. Контроль за исполнением настоящего распоряжения возложить на первого заместителя председателя Комитета по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан – куратора отрасли.
Председатель Комитета по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан Фарход Рахими Кодир
г. Душанбе от 27 февраля 2025 года, №66