Тартиби хориҷ ва барқароркунии хонандагон, гузариш аз як муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим аз 27 феврали соли 2025, № 67

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 марти соли 2025 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1331

Замима
ба фармоиши раиси Кумита оид ба
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 феврали соли 2025, № 67

Тартиби хориҷ ва барқароркунии хонандагон, гузариш аз як муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим

(фармоиши Кумита аз 14.04.2025 № 97)

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Тартиби хориҷ ва барқароркунии хонандагон, гузариш аз як муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим (минбаъд - Тартиб) тартиби хориҷ намудан ва барқароркунии хонандагон, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълимро муайян менамояд.

2. Бо фармоиши директорони муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар назди муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ комиссияи барқароркунии хонандагон, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим (минбаъд - комиссия) таъсис дода мешавад. Барқароркунии хонандагон, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим бо қарори комиссия ба роҳ монда мешавад.

3.Фаъолияти комиссия дар як соли таҳсил ду маротиба (нимсолаи якум ва дуюм) то оғози ҳар даври академӣ ба роҳ монда мешавад.

4.Хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқ доранд аз як муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи дигари таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ба шакли дигари таълим гузаранд.

2.ТАРТИБИ ХОРИҶ НАМУДАНИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

5.Хориҷ намудани хонандагони муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (баъди синфи 9) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ қабул карда шудаанд (ба истиснои гузариш ба муассисаи дигари таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, вафот, ба қувваи қонуни даромадани ҳукми суд бинобар содир намудани ҷиноят ва хонандагоне, ки ба синни 18 расидаанд) қатъиян манъ аст. Хориҷ намудани хонанда дар ҳолатҳои беморӣ, давраи таътил ва дар рухсатии академӣ будани он манъ аст (фармоиши Кумита аз 14.04.2025 № 97).

6.Директори муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ уҳдадор аст, ки нисбати хонандагони муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (баъди синфи 9) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ қабул гардидаанд, дар мавриди ба вуҷуд омадани ҳолатҳое, ки дар сархатҳои сеюм, нуҳум, даҳум ва ёздаҳуми банди 7 Тартиби мазкур пешбинӣ шудаанд, ба падару модари хонандагон (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва воҳиди сохтории дахлдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳал саривақт (на дертар аз 10 рӯз) тариқи хаттӣ муроҷиат намояд.

Эзоҳ: Муқаррароти банди мазкур танҳо нисбат ба хонандагоне, ки ба синни 18 нарасидаанд, татбиқ мегардад.

7.Хонандагони муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (аз синни 18 боло) ва таҳсилоти миёнаи умумӣ (баъди синфи 11) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ қабул карда шудаанд, дар ҳолатҳои зерин аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ хориҷ карда мешаванд (фармоиши Кумита аз 14.04.2025 № 97):

- дар асоси ариза бо хоҳиши хонанда;

- бо сабаби гузаштан ба муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии дигар;

- барои давомоти нокифоя, дар як даври академӣ, яъне бесабаб дар ҳаҷми зиёда аз 36 соат ба дарсшиканӣ роҳ додан;

- тибқи шартнома дар муҳлати муқарраршуда барои пардохт накардани маблағи таҳсил;

- барои пас аз рухсатии академӣ сари вақт идома надодани таҳсил;

- мавҷудияти қарзи академӣ;

- барои қарздории академӣ дар муҳлати муқарраргардида насупоридани се ва ё зиёда санҷишу имтиҳонҳо аз фанҳои таълимӣ;

- дар сессияи иловагӣ бартараф накардани қарзи академӣ аз як ё ду фанни таълимӣ новобаста аз пайдарпайии ҳатмии омӯзиши он;

- ба муассисаи таълимӣ омадан бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ (бе ҳуқуқи барқароршавӣ ба муҳлати як сол);

- барои вайрон кардани қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва оинномаи муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

- ба қувваи қонун даромадани ҳукми суд барои содир кардани ҷиноят;

- пас аз вафот.

Хориҷ намудани хонандагон аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо фармоиши директор дар асоси пешниҳоди муовини директор оид ба корҳои таълимӣ (тарбиявӣ) сурат мегирад. Пас аз хориҷ шудан ба хонанда маълумотномаи академӣ дода мешавад.

3.ТАРТИБИ БАРҚАРОРКУНИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

8.Барқароркунии хонандагони муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қарори комиссия ба роҳ монда мешавад.

9.Хонандагоне, ки аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ солҳои пеш хориҷ шудаанд (дар муҳлати то 5 сол) ба курси худаш аз рӯйи ихтисос, шакл ва намуди қаблии таҳсил (рӯзона, ғоибона, шабона, ройгон ё шартномавӣ) ва дар сурати мавҷуд набудани ихтисоси қаблӣ ба ихтисоси ба он наздик ва шакли таҳсили амалкунанда барқарор карда мешаванд. Хонандагоне, ки баъд аз 5 сол (новобаста аз синну сол) аз давраи хориҷшавӣ ба муассисаи таълимӣ муроҷиат мекунанд, танҳо бо мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барқарор карда мешаванд.

Эзоҳ: Хонандагоне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо сабаби қарзи академӣ ё бо сабабҳои дигар хориҷ шудаанд, агар аз давраи хориҷ шуданашон зиёда аз 5 сол гузашта бошад, бидуни супоридани фарқияти санҷишу имтиҳон барқарор карда мешаванд.

10.Афсарон ва хизматчиёни дигари ҳарбӣ, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз муҳлати муайяншуда хизмат кардаанд ё хизмати шоёни ҳарбӣ доранд, новобаста аз муҳлати танаффус ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ барқарор карда мешаванд.

11.Хонанда пас аз хориҷшавӣ, танҳо баъд аз гузаштани як даври академӣ ҳуқуқи барқароршавӣ дорад. Хонандае, ки хориҷ шудааст, метавонад ба ихтисос ва курси мувофиқ дар сурате барқарор шавад, ки талаботи барои ин курс ё ихтисос муқарраршуда дар маълумотномаи академии ӯ дарҷ ёфта бошад.

12.Барқароршавии хонандае, ки аз нимсолаи дуюми курси якум бо сабабҳои узрнок (беморӣ, қарзи академӣ, пардохт накардани маблағи таҳсил, сафарбар шудан ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи оилавӣ) хориҷ шудааст, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқшуда ба амал бароварда мешавад.

13.Барои барқароршавӣ хонанда ба номи директори муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ариза навишта, ба он маълумотномаи академӣ ва ҳуҷҷатҳои марбут ба фаъолияти меҳнатиаш дар давраи пас аз хориҷ шудан замима менамояд. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аризаро оид ба барқароркунӣ дар муҳлати панҷ рӯзи корӣ (аз рӯзи ба қайд гирифта шуданаш) баррасӣ менамояд. Дар сурати манфӣ ҳал шудани масъала қарори асосноки комиссия ба хонанда пешниҳод мегардад.

14.Фармоиши директори муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ оид ба барқароркунии хонанда дар асоси қарори асосноки комиссия бароварда мешавад.

15.Барқароркунии хонанда ба муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии барҳамдодашуда новобаста аз мақоми ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, ки ӯ қаблан дар он таҳсил намудааст, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба роҳ монда мешавад.

Эзоҳ: Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барқароркунии хонандагони мазкурро ба муассисаҳои дигари таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи ихтисос (касб), шакли таҳсил, таҳсили ройгон ва таҳсили музднок тариқи гузариш ба роҳ мемонад.

16.Хонандае, ки аз қарори комиссия норозӣ мебошад метавонад ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ё суд муроҷиат намояд.

4. ТАРТИБИ ГУЗАРИШИ ХОНАНДАГОН АЗ ЯК МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ БА МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБИИ ДИГАР, АЗ ЯК ИХТИСОС БА ИХТИСОСИ ДИГАР, АЗ ЯК ШАКЛИ ТАЪЛИМ БА ШАКЛИ ДИГАРИ ТАЪЛИМ

17.Гузариши хонандагон аз як муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим танҳо дар давраи таътили тобистона ва зимистона бо пешниҳоди ариза ва нусхаи маълумотномаи академӣ ба роҳбарияти ҳар дуи муассисаи таълими таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба роҳ монда мешавад.

18.Пас аз пешниҳоди ариза, дар сурати ба тариқи мусбат ҳал шудани масъала фармоиши директори муассисаи таълимие, ки хонанда дар он таҳсил менамояд, бо мазмуни «бо сабаби гузарондан ба (номи муассисаи таълимӣ) хориҷ карда шуд» бароварда мешавад ва дар муҳлати 10 рӯз ба суроғаи ҳуқуқии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии қабулкунанда ҳуҷҷатҳои зерини донишҷӯ фиристода мешавад:

- ҳуҷҷатҳои шахсии хонанда;

- варақаи таҳсили хонанда;

- нусха аз фармоиши директори муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ оид ба гузариш;

- номгӯйи ҳуҷҷатҳои фиристодашуда.

19.Фармоиши директор дар бораи қабул ва гузариши хонанда ба муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ танҳо баъд аз ворид гардидани ҳуҷҷатҳои хонанда бароварда мешавад. Дар фармоиш муҳлати супурдани фарқиятҳо тибқи нақшаи таълимӣ дар асоси пешниҳоди муовини директор оид ба корҳои таълимӣ (тарбиявӣ), ки дар он фанҳо нишон дода шудаанд, муайян карда мешавад.

20.Гузариши хонанда - шаҳрванди хориҷӣ аз муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии хориҷи кишвар дар асоси розигии муассисаи таълимии қабулкунандаи хориҷи кишвар пас аз анҷоми соли таҳсил ба амал бароварда мешавад.

21.Гузариши хонандагон аз як муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигар таълим чунин амалӣ карда мешавад:

-бо дар назар доштани иҷрои талаботи барномаҳои таълимӣ аз рӯйи нақшаи таълим;

-баъди барқарор шудани хонандагони хориҷшуда танҳо дар муассисаи таълимӣ, ки қаблан дар он таҳсил менамуданд.

Эзоҳ: гузариши хонандагони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ба муассисаҳои таълимии давлатӣ ба ихтисосҳои мувофиқ ё ҳамон ихтисоси таҳсил намудааш дар давраи таътили тобистона ва зимистона дар асоси супоридани маблағи таҳсил (нисфи маблағи таҳсил) ба амал бароварда мешавад.

22.Дар сурати аз тарафи хонанда бартараф накардани фарқиятҳои нақшаи таълимӣ дар вақти муайянкардашуда, минбаъд ҳамчун қарзи академӣ ҳисобида шуда, бо фармоиши директори муассисаи таълимӣ аз таълимгоҳ хориҷ карда мешавад.

5.МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

23.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Тартиби мазкур тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 марти соли 2025 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1331

Замима
ба фармоиши раиси Кумита оид ба
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 феврали соли 2025, № 67

Тартиби хориҷ ва барқароркунии хонандагон, гузариш аз як муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Тартиби хориҷ ва барқароркунии хонандагон, гузариш аз як муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим (минбаъд - Тартиб) тартиби хориҷ намудан ва барқароркунии хонандагон, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълимро муайян менамояд.

2. Бо фармоиши директорони муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар назди муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ комиссияи барқароркунии хонандагон, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим (минбаъд - комиссия) таъсис дода мешавад. Барқароркунии хонандагон, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим бо қарори комиссия ба роҳ монда мешавад.

3.Фаъолияти комиссия дар як соли таҳсил ду маротиба (нимсолаи якум ва дуюм) то оғози ҳар даври академӣ ба роҳ монда мешавад.

4.Хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқ доранд аз як муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи дигари таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ба шакли дигари таълим гузаранд.

2.ТАРТИБИ ХОРИҶ НАМУДАНИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

5.Хориҷ намудани хонандагони муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (баъди синфи 9) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ қабул карда шудаанд (ба истиснои гузариш ба муассисаи дигари таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, вафот, ба қувваи қонуни даромадани ҳукми суд бинобар содир намудани ҷиноят ва хонандагоне, ки ба синни 18 нарасидаанд) қатъиян манъ аст. Хориҷ намудани хонанда дар ҳолатҳои беморӣ, давраи таътил ва дар рухсатии академӣ будани он манъ аст.

6.Директори муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ уҳдадор аст, ки нисбати хонандагони муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (баъди синфи 9) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ қабул гардидаанд, дар мавриди ба вуҷуд омадани ҳолатҳое, ки дар сархатҳои сеюм, нуҳум, даҳум ва ёздаҳуми банди 7 Тартиби мазкур пешбинӣ шудаанд, ба падару модари хонандагон (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва воҳиди сохтории дахлдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳал саривақт (на дертар аз 10 рӯз) тариқи хаттӣ муроҷиат намояд.

Эзоҳ: Муқаррароти банди мазкур танҳо нисбат ба хонандагоне, ки ба синни 18 нарасидаанд, татбиқ мегардад.

7.Хонандагони муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (баъди синфи 11) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ қабул карда шудаанд, дар ҳолатҳои зерин аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ хориҷ карда мешаванд: