Тартиби хориҷ ва барқароркунии донишҷӯён, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим аз 27 феврали соли 2025, № 66

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 марти соли 2025 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1330

Замима
ба фармоиши раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 феврали соли 2025, №66

Тартиби хориҷ ва барқароркунии донишҷӯён, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим

(фармоиши Кумита аз 14.04.2025 № 98)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Тартиби хориҷ ва барқароркунии донишҷӯён, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим (минбаъд - Тартиб) тартиби хориҷ намудан ва барқароркунии донишҷӯён, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълимро муайян менамояд.

2.Бо фармоиши директорони муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар назди муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ комиссияи барқароркунии донишҷӯён, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим (минбаъд - комиссия) таъсис дода мешавад. Барқароркунии донишҷӯён, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим бо қарори комиссия ба роҳ монда мешавад.

3.Фаъолияти комиссия дар як соли таҳсил ду маротиба (нимсолаи якум ва дуюм) то оғози ҳар даври академӣ ба роҳ монда мешавад.

4.Донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ доранд аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи дигари таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ба шакли дигари таълим гузаранд.

5.Барқароркунӣ ва гузариши донишҷӯён аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи дигари таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ба шакли дигар баъд аз даври академии якум ба роҳ монда мешавад.

6.Тамдид намудани муҳлати фаъолияти комиссия бо ризояти мақоми ваколатдор дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба роҳ монда мешавад.

2.ТАРТИБИ ХОРИҶ НАМУДАНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

7.Хориҷ намудани донишҷӯёни муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (баъди синфи 9) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул карда шудаанд (ба истиснои гузариш ба муассисаи дигари таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, вафот, ба қувваи қонуни даромадани ҳукми суд бинобар содир намудани ҷиноят ва донишҷӯёне, ки ба синни 18 расидаанд) то ҷамъбасти пурраи курси дуюм қатъиян манъ аст. Хориҷ намудани донишҷӯ дар ҳолатҳои беморӣ, давраи таътил ва дар рухсатии академӣ будани он манъ аст (фармоиши Кумита аз 14.04.2025 № 98).

8.Директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ уҳдадор аст, ки нисбати донишҷӯёни муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (баъди синфи 9) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул гардидаанд, дар мавриди ба вуҷуд омадани ҳолатҳое, ки дар сархатҳои сеюм, нуҳум, даҳум ва ёздаҳуми банди 9 Тартиби мазкур ба падару модари донишҷӯён (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва воҳиди сохтории дахлдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳал саривақт (на дертар аз 10 рӯз) тариқи хаттӣ муроҷиат намояд.

Эзоҳ: Муқаррароти банди мазкур танҳо нисбат ба донишҷӯёне, ки ба синни 18 нарасидаанд, татбиқ мегардад.

9.Донишҷӯёни муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (аз синни 18 боло) ва таҳсилоти миёнаи умумӣ (баъди синфи 11) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул карда шудаанд, дар ҳолатҳои зерин аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ хориҷ карда мешаванд (фармоиши Кумита аз 14.04.2025 № 98):

- дар асоси ариза бо хоҳиши донишҷӯ;

- бо сабаби гузаштан ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар;

- барои давомоти нокифоя, дар як даври академӣ, яъне бесабаб дар ҳаҷми зиёда аз 48 соат ба дарсшиканӣ роҳ додан;

- тибқи шартнома дар муҳлати муқарраршуда барои пардохт накардани маблағи таҳсил;

- барои пас аз рухсатии академӣ сари вақт идома надодани таҳсил;

- мавҷудияти қарзи академӣ;

- барои қарздории академӣ дар муҳлати муқарраргардида насупоридани се ва ё зиёда санҷишу имтиҳонҳо аз фанҳои таълимӣ;

- дар триместр бартараф накардани қарзи академӣ аз як ё ду фанни таълимӣ новобаста аз пайдарпайии ҳатмии омӯзиши он;

- ба муассисаи таълимӣ омадан бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ (бе ҳуқуқи барқароршавӣ ба муҳлати як сол);

- барои вайрон кардани қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва оинномаи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- ба қувваи қонун даромадани ҳукми суд барои содир кардани ҷиноят;

- пас аз вафот.

10.Хориҷ намудани донишҷӯён аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо фармоши директор дар асоси пешниҳоди садорати факултет ва қисми таълимии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ сурат мегирад. Пас аз хориҷ шудан ба донишҷӯ маълумотномаи академӣ (транскрипт) дода мешавад.

3.ТАРТИБИ БАРҚАРОРКУНИИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

11.Барқароркунии донишҷӯёни муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қарори комиссия ба роҳ монда мешавад.

12.Донишҷӯёне, ки аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ солҳои пеш хориҷ шудаанд (дар муҳлати то 5 сол) ба курси худаш аз рӯйи ихтисос, шакл ва намуди қаблии таҳсил (рӯзона, ғоибона, ройгон ё музднок) ва дар сурати мавҷуд набудани ихтисоси қаблӣ ба ихтисоси ба он наздик (дар доираи кластер) ва шакли таҳсили амалкунанда барқарор карда мешаванд. Донишҷӯёне, ки баъд аз 5 сол (новобаста аз синну сол) аз давраи хориҷшавӣ ба муассисаи таълимӣ муроҷиат мекунанд, танҳо бо мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барқарор карда мешаванд.

Эзоҳ: Донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо сабаби қарзи академӣ ё бо сабабҳои дигар хориҷ шудаанд, агар аз давраи хориҷ шуданашон зиёда аз 5 сол гузашта бошад, бидуни супоридани фарқияти санҷишу имтиҳон як курс поён барқарор карда мешаванд.

13.Афсарон ва хизматчиёни дигари ҳарбӣ, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз муҳлати муайяншуда хизмат кардаанд ё хизмати шоёни ҳарбӣ доранд, новобаста аз муҳлати танаффус ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ барқарор карда мешаванд.

14.Донишҷӯ пас аз хориҷшавӣ, танҳо баъд аз гузаштани як соли таҳсил ҳуқуқи барқароршавӣ дорад. Донишҷӯйе, ки хориҷ шудааст, метавонад ба ихтисос ва курси мувофиқ дар сурате барқарор шавад, ки талаботи барои ин курс ё ихтисос муқарраршуда дар маълумотномаи академӣ (транскрипт)-и ӯ дарҷ ёфта бошад (фармоиши Кумита аз 14.04.2025 № 98).

15.Донишҷӯи курси дуюм ва курси болоии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар нимсолаи якум (дуюм)-и соли таҳсил бо сабаби доштани қарзи академӣ (на зиёда аз ду фанни таълимӣ) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ хориҷ шудааст, дар сурати барқароршавӣ ба ихтисоси худаш ҳангоми фаъолияти комиссияи зимистона (тобистона) (дар соли оянда) қарзҳои академиро ҳамчун фарқият бартараф намуда, барқарор карда мешавад. Донишҷӯе, ки дар нимсолаи якум (дуюм)-и соли таҳсил бо сабаби доштани қарзи академӣ (зиёда аз ду фанни таълимӣ) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ хориҷ шудааст (ба истиснои курси якум) аз ибтидои ҳамон нимсолае, ки хориҷ шудааст, барқарор шуда, таҳсилро идома медиҳад. Донишҷӯи курси якум, ки дар нимсолаи дуюм бо сабаби доштани қарзи академӣ (на зиёда аз ду фанни таълимӣ) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ хориҷ шудааст, соли оянда баъди супоридани фарқияти санҷишу имтиҳонҳо ба курси якум (аз нимсолаи дуюм) барқарор карда мешавад.

16.Барқароршавии донишҷӯе, ки аз нимсолаи дуюми курси якум бо сабабҳои узрнок (беморӣ, қарзи академӣ, пардохт накардани маблағи таҳсил, сафарбар шудан ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи оилавӣ) хориҷ шудааст, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқшуда ба амал бароварда мешавад.

17.Барои барқароршавӣ донишҷӯ ба номи директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ариза навишта, ба он маълумотномаи академӣ (транскрипт) ё дафтарчаи имтиҳонӣ№ 98 ҳуҷҷатҳои марбут ба фаъолияти меҳнатиаш дар давраи пас аз хориҷ шудан замима менамояд. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ аризаро оид ба барқароркунӣ дар муҳлати панҷ рӯзи корӣ (аз рӯзи ба қайд гирифта шуданаш) баррасӣ менамояд. Дар сурати манфӣ ҳал шудани масъала қарори асосноки комиссия ба донишҷӯ пешниҳод мегардад.

18.Фармоиши директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ оид ба барқароркунии донишҷӯ дар асоси қарори асосноки комиссия бароварда мешавад.

19.Барқароркунии донишҷӯ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии барҳамдодашуда новобаста аз мақоми ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, ки ӯ қаблан дар он таҳсил намудааст, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба роҳ монда мешавад.

Эзоҳ: Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барқароркунии донишҷӯёни мазкурро ба муассисаҳои дигари таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи ихтисос (касб), шакли таҳсил, таҳсили ройгон ва таҳсили музднок тариқи гузариш ба роҳ мемонад.

20.Донишҷӯе, ки аз қарори комиссия норозӣ мебошад метавонад ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ё суд муроҷиат намояд.

4.ТАРТИБИ ГУЗАРИШИ ДОНИШҶӮЁН АЗ ЯК МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ БА МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИИ ДИГАР, АЗ ЯК ИХТИСОС БА ИХТИСОСИ ДИГАР, АЗ ЯК ШАКЛИ ТАЪЛИМ БА ШАКЛИ ДИГАРИ ТАЪЛИМ

21.Гузариши донишҷӯён аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим дар давраи таътили тобистона ва зимистона бо пешниҳоди ариза ва нусхаи маълумотномаи академӣ (транскрипт) ба роҳбарияти муассисаи таълими таҳсилоти миёнаи касбӣ ба роҳ монда мешавад.

22.Гузариши донишҷӯён аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар, танҳо дар давраи таътили тобистона ва зимистона бо пешниҳоди ариза ва нусхаи маълумотномаи академӣ (транскрипт) ба роҳбарияти ҳар дуи муассисаи таълими таҳсилоти миёнаи касбӣ ба роҳ монда мешавад.

23.Пас аз пешниҳоди ариза, дар сурати ба тариқи мусбат ҳал шудани масъала фармоиши директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбие, ки донишҷӯ дар он таҳсил менамояд, бо мазмуни «бо сабаби гузарондан ба (номи муассисаи таълимӣ) хориҷ карда шуд» бароварда мешавад ва дар муҳлати 10 рӯз ба суроғаи ҳуқуқии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии қабулкунанда ҳуҷҷатҳои зерини донишҷӯ фиристода мешавад:

- ҳуҷҷатҳои шахсии донишҷӯ;

- варақаи таҳсили донишҷӯ;

- нусха аз фармоиши директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ оид ба гузариш;

- номгӯйи ҳуҷҷатҳои фиристодашуда.

24.Фармоиши директор дар бораи қабул ва гузарондани донишҷӯ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ танҳо баъд аз ворид гардидани ҳуҷҷатҳои донишҷӯ бароварда мешавад. Дар фармоиш муҳлати супурдани фарқиятҳо тибқи нақшаи таълимӣ дар асоси пешниҳоди қисми таълимӣ ё садорати факултет, ки дар он фанҳо нишон дода шудаанд, муайян карда мешавад.

25.Гузариши донишҷӯ - шаҳрванди хориҷӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии хориҷи кишвар, дар асоси мактуби розигии муассисаи таълимии қабулкунандаи хориҷи кишвар ва мактуби огоҳии донишҷўй ба унвонии мақоми ваколатдор дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ пас аз анҷоми соли таҳсил ба амал бароварда мешавад (фармоиши Кумита аз 14.04.2025 № 98).

26.Гузариши донишҷӯён аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигар таълим чунин амалӣ карда мешавад:

-бо дар назар доштани иҷрои талаботи барномаҳои таълимӣ аз рӯйи нақшаи таълим (дар доираи кластерҳо) ба курси таҳсилнамудааш гузаронда мешавад;

-дар ҳолати аз 18 кредити фаъол (соатҳои фаъол) зиёд муайян гардидани фарқият аз рӯйи нақшаи таълим таълимгиранда як курс поён қабул карда мешавад;

-баъди барқарор шудани донишҷӯёни хориҷшуда танҳо дар муассисаи таълимӣ, ки қаблан дар он таҳсил менамуданд.

Эзоҳ: Гузариши донишҷӯёни муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ба муассисаҳои таълимии давлатӣ (ё бараъкс) ба ихтисосҳои мувофиқ ё ҳамон ихтисоси таҳсил намудааш дар асоси супоридани маблағи таҳсил аз аввали соли таҳсил 100 дарсад ва гузариш пас аз даври академӣ (нимсола)-и якум дар ҳаҷми 50 дарсад дар муассисаи гузаришнамуда пардохт карда мешавад.

27.Ба донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди ройгон таҳсил менамоянд ва хоҳиши ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии хориҷи кишвар гузаштанро доранд (ё шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлатҳои дигар дар намуди ройгон таҳсил менамоянд ва хоҳиши ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанро доранд) танҳо дар сурати риояи талаботи тарафайн (баргардондани маблағи буҷети давлатӣ дар давраи таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба роҳ монда мешаванд.

28.Миқдори кредитҳое, ки донишҷӯ то гузариш дар давраи таҳсил дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷамъоварӣ намудааст, ҳангоми барқарор шудан ё интиқоли ӯ пурра ба инобат гирифта мешаванд.

29. Муҳлати супоридани фарқият аз рӯйи нақшаҳои таълимӣ барои донишҷӯёне, ки аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар ва ё аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таҳсил ба шакли дигар гузариш мешаванд, дар ҳафтаҳои таълими назариявии як даври академӣ муқаррар карда мешавад.

30. Дар сурати аз тарафи донишҷӯ бартараф накардани фарқиятҳои нақшаи таълимӣ дар вақти муайянкардашуда, минбаъд ҳамчун қарзи академӣ ҳисобида шуда, бо фармоиши директори муассисаи таълимӣ аз таълимгоҳ хориҷ карда мешавад.

31. Ба донишҷӯёни интиқолшуда дафтарчаи имтиҳонӣ дода мешавад. Дар дафтарчаи имтиҳонӣ ҳамаи фанҳои пеш омӯхташуда бо қайди баҳои гирифташуда, оварда мешавад.

5.МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

32.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Тартиби мазкур тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 марти соли 2025 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1330

Замима
ба фармоиши раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 феврали соли 2025, №66

Тартиби хориҷ ва барқароркунии донишҷӯён, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Тартиби хориҷ ва барқароркунии донишҷӯён, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим (минбаъд - Тартиб) тартиби хориҷ намудан ва барқароркунии донишҷӯён, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълимро муайян менамояд.

2.Бо фармоиши директорони муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар назди муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ комиссияи барқароркунии донишҷӯён, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим (минбаъд - комиссия) таъсис дода мешавад. Барқароркунии донишҷӯён, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим бо қарори комиссия ба роҳ монда мешавад.

3.Фаъолияти комиссия дар як соли таҳсил ду маротиба (нимсолаи якум ва дуюм) то оғози ҳар даври академӣ ба роҳ монда мешавад.

4.Донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ доранд аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи дигари таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ба шакли дигари таълим гузаранд.

5.Барқароркунӣ ва гузариши донишҷӯён аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи дигари таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ба шакли дигар баъд аз даври академии якум ба роҳ монда мешавад.

6.Тамдид намудани муҳлати фаъолияти комиссия бо ризояти мақоми ваколатдор дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба роҳ монда мешавад.

2.ТАРТИБИ ХОРИҶ НАМУДАНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

7.Хориҷ намудани донишҷӯёни муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (баъди синфи 9) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул карда шудаанд (ба истиснои гузариш ба муассисаи дигари таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, вафот, ба қувваи қонуни даромадани ҳукми суд бинобар содир намудани ҷиноят ва донишҷӯёне, ки ба синни 18 нарасидаанд) то ҷамъбасти пурраи курси дуюм қатъиян манъ аст. Хориҷ намудани донишҷӯ дар ҳолатҳои беморӣ, давраи таътил ва дар рухсатии академӣ будани он манъ аст.

8.Директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ уҳдадор аст, ки нисбати донишҷӯёни муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (баъди синфи 9) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул гардидаанд, дар мавриди ба вуҷуд омадани ҳолатҳое, ки дар сархатҳои сеюм, нуҳум, даҳум ва ёздаҳуми банди 9 Тартиби мазкур ба падару модари донишҷӯён (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва воҳиди сохтории дахлдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳал саривақт (на дертар аз 10 рӯз) тариқи хаттӣ муроҷиат намояд.

Эзоҳ: Муқаррароти банди мазкур танҳо нисбат ба донишҷӯёне, ки ба синни 18 нарасидаанд, татбиқ мегардад.

9.Донишҷӯёни муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (баъди синфи 11) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул карда шудаанд, дар ҳолатҳои зерин аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ хориҷ карда мешаванд:

- дар асоси ариза бо хоҳиши донишҷӯ;

- бо сабаби гузаштан ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар;

- барои давомоти нокифоя, дар як даври академӣ, яъне бесабаб дар ҳаҷми зиёда аз 48 соат ба дарсшиканӣ роҳ додан;

- тибқи шартнома дар муҳлати муқарраршуда барои пардохт накардани маблағи таҳсил;

- барои пас аз рухсатии академӣ сари вақт идома надодани таҳсил;

- мавҷудияти қарзи академӣ;

- барои қарздории академӣ дар муҳлати муқарраргардида насупоридани се ва ё зиёда санҷишу имтиҳонҳо аз фанҳои таълимӣ;

- дар триместр бартараф накардани қарзи академӣ аз як ё ду фанни таълимӣ новобаста аз пайдарпайии ҳатмии омӯзиши он;

- ба муассисаи таълимӣ омадан бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ (бе ҳуқуқи барқароршавӣ ба муҳлати як сол);

- барои вайрон кардани қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва оинномаи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- ба қувваи қонун даромадани ҳукми суд барои содир кардани ҷиноят;

- пас аз вафот.

10.Хориҷ намудани донишҷӯён аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо фармоши директор дар асоси пешниҳоди садорати факултет ва қисми таълимии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ сурат мегирад. Пас аз хориҷ шудан ба донишҷӯ маълумотномаи академӣ (транскрипт) дода мешавад.

3.ТАРТИБИ БАРҚАРОРКУНИИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

11.Барқароркунии донишҷӯёни муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қарори комиссия ба роҳ монда мешавад.

12.Донишҷӯёне, ки аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ солҳои пеш хориҷ шудаанд (дар муҳлати то 5 сол) ба курси худаш аз рӯйи ихтисос, шакл ва намуди қаблии таҳсил (рӯзона, ғоибона, ройгон ё музднок) ва дар сурати мавҷуд набудани ихтисоси қаблӣ ба ихтисоси ба он наздик (дар доираи кластер) ва шакли таҳсили амалкунанда барқарор карда мешаванд. Донишҷӯёне, ки баъд аз 5 сол (новобаста аз синну сол) аз давраи хориҷшавӣ ба муассисаи таълимӣ муроҷиат мекунанд, танҳо бо мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барқарор карда мешаванд.

Эзоҳ: Донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо сабаби қарзи академӣ ё бо сабабҳои дигар хориҷ шудаанд, агар аз давраи хориҷ шуданашон зиёда аз 5 сол гузашта бошад, бидуни супоридани фарқияти санҷишу имтиҳон як курс поён барқарор карда мешаванд.

13.Афсарон ва хизматчиёни дигари ҳарбӣ, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз муҳлати муайяншуда хизмат кардаанд ё хизмати шоёни ҳарбӣ доранд, новобаста аз муҳлати танаффус ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ барқарор карда мешаванд.

14.Донишҷӯ пас аз хориҷшавӣ, танҳо баъд аз гузаштани як даври академӣ ҳуқуқи барқароршавӣ дорад. Донишҷӯйе, ки хориҷ шудааст, метавонад ба ихтисос ва курси мувофиқ дар сурате барқарор шавад, ки талаботи барои ин курс ё ихтисос муқарраршуда дар маълумотномаи академӣ (транскрипт)-и ӯ дарҷ ёфта бошад.

15.Донишҷӯи курси дуюм ва курси болоии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар нимсолаи якум (дуюм)-и соли таҳсил бо сабаби доштани қарзи академӣ (на зиёда аз ду фанни таълимӣ) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ хориҷ шудааст, дар сурати барқароршавӣ ба ихтисоси худаш ҳангоми фаъолияти комиссияи зимистона (тобистона) (дар соли оянда) қарзҳои академиро ҳамчун фарқият бартараф намуда, барқарор карда мешавад. Донишҷӯе, ки дар нимсолаи якум (дуюм)-и соли таҳсил бо сабаби доштани қарзи академӣ (зиёда аз ду фанни таълимӣ) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ хориҷ шудааст (ба истиснои курси якум) аз ибтидои ҳамон нимсолае, ки хориҷ шудааст, барқарор шуда, таҳсилро идома медиҳад. Донишҷӯи курси якум, ки дар нимсолаи дуюм бо сабаби доштани қарзи академӣ (на зиёда аз ду фанни таълимӣ) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ хориҷ шудааст, соли оянда баъди супоридани фарқияти санҷишу имтиҳонҳо ба курси якум (аз нимсолаи дуюм) барқарор карда мешавад.

16.Барқароршавии донишҷӯе, ки аз нимсолаи дуюми курси якум бо сабабҳои узрнок (беморӣ, қарзи академӣ, пардохт накардани маблағи таҳсил, сафарбар шудан ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи оилавӣ) хориҷ шудааст, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқшуда ба амал бароварда мешавад.

17.Барои барқароршавӣ донишҷӯ ба номи директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ариза навишта, ба он маълумотномаи академӣ (транскрипт) ё дафтарчаи имтиҳонӣ ва ҳуҷҷатҳои марбут ба фаъолияти меҳнатиаш дар давраи пас аз хориҷ шудан замима менамояд. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ аризаро оид ба барқароркунӣ дар муҳлати панҷ рӯзи корӣ (аз рӯзи ба қайд гирифта шуданаш) баррасӣ менамояд. Дар сурати манфӣ ҳал шудани масъала қарори асосноки комиссия ба донишҷӯ пешниҳод мегардад.

18.Фармоиши директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ оид ба барқароркунии донишҷӯ дар асоси қарори асосноки комиссия бароварда мешавад.

19.Барқароркунии донишҷӯ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии барҳамдодашуда новобаста аз мақоми ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, ки ӯ қаблан дар он таҳсил намудааст, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба роҳ монда мешавад.

Эзоҳ: Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барқароркунии донишҷӯёни мазкурро ба муассисаҳои дигари таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи ихтисос (касб), шакли таҳсил, таҳсили ройгон ва таҳсили музднок тариқи гузариш ба роҳ мемонад.

20.Донишҷӯе, ки аз қарори комиссия норозӣ мебошад метавонад ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ё суд муроҷиат намояд.

4.ТАРТИБИ ГУЗАРИШИ ДОНИШҶӮЁН АЗ ЯК МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ БА МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИИ ДИГАР, АЗ ЯК ИХТИСОС БА ИХТИСОСИ ДИГАР, АЗ ЯК ШАКЛИ ТАЪЛИМ БА ШАКЛИ ДИГАРИ ТАЪЛИМ

21.Гузариши донишҷӯён аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим дар давраи таътили тобистона ва зимистона бо пешниҳоди ариза ва нусхаи маълумотномаи академӣ (транскрипт) ба роҳбарияти муассисаи таълими таҳсилоти миёнаи касбӣ ба роҳ монда мешавад.

22.Гузариши донишҷӯён аз як муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар, танҳо дар давраи таътили тобистона ва зимистона бо пешниҳоди ариза ва нусхаи маълумотномаи академӣ (транскрипт) ба роҳбарияти ҳар дуи муассисаи таълими таҳсилоти миёнаи касбӣ ба роҳ монда мешавад.

23.Пас аз пешниҳоди ариза, дар сурати ба тариқи мусбат ҳал шудани масъала фармоиши директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбие, ки донишҷӯ дар он таҳсил менамояд, бо мазмуни «бо сабаби гузарондан ба (номи муассисаи таълимӣ) хориҷ карда шуд» бароварда мешавад ва дар муҳлати 10 рӯз ба суроғаи ҳуқуқии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии қабулкунанда ҳуҷҷатҳои зерини донишҷӯ фиристода мешавад:

- ҳуҷҷатҳои шахсии донишҷӯ;

- варақаи таҳсили донишҷӯ;

- нусха аз фармоиши директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ оид ба гузариш;

- номгӯйи ҳуҷҷатҳои фиристодашуда.

24.Фармоиши директор дар бораи қабул ва гузарондани донишҷӯ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ танҳо баъд аз ворид гардидани ҳуҷҷатҳои донишҷӯ бароварда мешавад. Дар фармоиш муҳлати супурдани фарқиятҳо тибқи нақшаи таълимӣ дар асоси пешниҳоди қисми таълимӣ ё садорати факултет, ки дар он фанҳо нишон дода шудаанд, муайян карда мешавад.

25.Гузариши донишҷӯ - шаҳрванди хориҷӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии хориҷи кишвар, дар асоси мактуби розигии муассисаи таълимии қабулкунандаи хориҷи кишвар пас аз анҷоми соли таҳсил ба амал бароварда мешавад.