8. Дар шартномаи хизматрасонӣ ба таври инфиродӣ бо ҳар як хизматрасонанда масъалаҳои маблағгузории таҳия, насб, ҷорӣ ва ё ҳамгироии низомҳои иттилоотии электронӣ, инчунин нигаҳдории фаъолияти мунтазами портали ягона пешбинӣ карда мешаванд.
9. Ҷиҳати пешниҳоди хизматрасониҳо татбиқкунанда дар мувофиқа бо танзимгари ягона бо истифода аз бино ва техникаю таҷҳизоти
ташкилоти дигар дар шаҳру ноҳияҳо нуқтаҳои хизматрасонии давлатиро таъсис медиҳад.
10. Дар марказҳои хизматрасонӣ тавассути портали ягона
расмиёти зерин амалӣ мешавад:
- қабули муроҷиат дар бораи тариқи электронӣ гирифтани хизматрасонии давлатӣ;
- баррасии муроҷиат:
- тафтиши пардохти арзиши хизматрасонии давлатӣ:
- вақти пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ:
- додани ҳуҷҷати дахлдор аз
натиҷаи муроҷиат;
- дигар маълумоти марбута.
11. Марказҳои хизматрасонӣ корҳои зеринро амалӣ менамоянд:
- хизматрасониҳои якхела ва ҳамоҳангшудаи масъулини хизматрасонандаҳоро, ки дар марказҳои хизматрасонӣ
фаъолият мекунанд, ташкил менамоянд;
- ҷиҳати омода намудани муроҷиатҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба гирифтани
хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ мусоидат менамоянд;
- барои дастрас намудани ҳуҷҷатҳо, маълумот аз ташкилоти давлатӣ кумак мерасонанд;
- таклифҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро вобаста ба ташкил ва такмил додани хизматрасонии давлатии дар шакли электронӣ ва фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ
ба танзимгари ягона пешниҳод менамоянд;
- самаранокии инноватсия ва ислоҳотро ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ тариқи электронӣ таъмин менамоянд;
- ҷиҳати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ бо истифодаи
васеи технологияҳои муосири иттилоотӣ чораҳои зарурӣ меандешанд;
- иҷрои қонунӣ, босифат ва шаффофи хизматрасониҳои давлатии пешниҳодшавандаро таъмин
менамоянд;
- қоидаҳои пардохти хизматрасонии дар
марказҳои хизматрасонӣ
амалишаванда, аз ҷумла пардохтҳо тавассути
шабакаи интернет ва дигар алоқаи электронии муосирро назорат мекунанд;
- бо мақсади таъмини шаффофият раванди хизматрасонии давлатии амалишавандаро мунтазам ба навор гирифта, сабт менамоянд;