ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Нақшаи амали солҳои 2025-2027 Консепсияи сиёсати кадрии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2043
Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нақшаи амали солҳои 2025-2027 Консепсияи сиёсати кадрии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2043 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози амалисозии Нақшаи амали солҳои 2025-2027 Консепсияи сиёсати кадрии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2043 муайян карда шавад.
3. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни амалисозии Нақшаи амали солҳои 2025-2027 Консепсияи сиёсати кадрии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2043 ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 марти соли 2025, № 211
...