ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.04.2026
№ 208)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯйи ташкилотҳои низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 808 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 80 воҳид муқаррар карда шавад № 208).
3. Ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки чор муовини вазир, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 9 нафар дошта бошад № 208).
4. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ, мақомот ва ташкилотҳои низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои махсуси вазорат ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
5. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 апреля соли 2025:
- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146 «Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
...
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯйи ташкилотҳои низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 807 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 79 воҳид муқаррар карда шавад.
3.рБа Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовини вазир, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 9 нафар дошта бошад.
4. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ, мақомот ва ташкилотҳои низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои махсуси вазорат ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
5. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 апреля соли 2025:
- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146 «Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 117