ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани урандор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Барномаи солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани урандор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ва Нақшаи амали солҳои 2025-2027 Барномаи солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани урандор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2.Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҷиҳати амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он чораҳои зарурӣ андешида, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷааш ҳамасола то 1 феврал маълумот пешниҳод намоянд.
3.Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола то 1 март оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 143
...