ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 ва Нақшаи амали Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 дар солҳои 2025-2027 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Амалисозии Стратегияи мазкур дар доираи маблағҳои ҳамасола барои вазорату идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ пешбинишавандаи буҷети давлатӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ, шарикони рушд, грантҳо ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода шавад.
3. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати амалисозии Стратегияи мазкур ва Нақшаи амали он тадбирҳои мушаххас андешида, ҳар сол то 10 январ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
4. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни амалисозии Стратегияи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот манзур намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 141
...