ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2018, № 302
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2018, № 302 «Дар бораи меъёрҳои андози аксиз барои молҳои зераксизии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда» тағйироту иловаи зерин ворид карда шавад:
1)дар гуруҳи 22:
- дар сутуни сеюми сатрҳои дуюм, сеюм, чорум, панҷум, ҳафтум ва ҳаштум рақамҳои «0,03», «0,35», «0,35», «0,50», «2,5»,«3,5» мувофиқан ба рақамҳои «0,04», «0,40», «0,40», «0,84», «3,0», «4,0» иваз карда шаванд;
- сатри сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«
2202 10 000 0
|
- нушокиҳои нерудиҳанда
|
0,06 евро
барои 1 литр
|
»;
2)дар сутуни сеюми сатрҳои рамзи молии «271012, 2710123100, 2710124110, 2710124120, 2710124130, 2710124190, 2710124500, 2010124900, 2710125100, 2710125900, 2710127000 ва 271012900», сатрҳои рамзи молии «2710193100, 2710193500, 27101942, 2710194600 ва 2710194800» ва сатри рамзи молии «2711» гуруҳи 27 рақамҳои «55», «8» ва «4» мувофиқан ба рақамҳои «70», «15» ва «10» иваз карда шаванд;
3)дар сутуни сеюми сатрҳои якум ва сеюми гурӯҳи 40 рақами «13» ба рақами «20» иваз карда шавад;
4)дар сутуни сеюми сатри якуми гуруҳи 87 рақамҳои «10» ва «0,15» мувофиқан ба рақамҳои «14» ва «0,20» иваз карда шаванд.
2.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи қабули қарори мазкур огоҳ намояд.
3.Қарори мазкур аз 1 майи соли 2025 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 138
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О внесении изменений и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 9 июня 2018 года, №302
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1.В приложение 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 9 июня 2018 года, №302 «О ставках акцизного налога на подакцизные товары, производимые в Республике Таджикистан и ввозимые в Республику Таджикистан» внести следующие изменения и дополнение:
1) в группе 22:
- в третьем столбце строк второй, третьей, четвертой, пятой, седьмой и восьмой цифры «0,03», «0,35», «0,35», «0,50», «2,5»,«3,5» соответственно заменить цифрами «0,04», «0,40», «0,40», «0,84», «3,0», «4,0»;
- дополнить третьей строкой следующего содержания:
«
2202 10
000 0
|
-
энергетические напитки
|
0,06 евро за 1 литр
|
»;
2)в третьем столбце строк кода товаров «271012, 2710123100, 2710124110, 2710124120, 2710124130, 2710124190, 2710124500, 2710124900, 2710125100, 2710125900, 2710127000 и 271012900», строк кода товаров «2710193100, 2710193500, 27101942, 2710194600 и 2710194800» и строки кода товара «2711» группы 27 цифры «55», «8» и «4» соответственно заменить цифрами «70», «15» и «10»;
3)в третьем столбце строк первой и третьей группы 40 цифру «13» заменить цифрой «20;
4)в третьем столбце строки первой группы 87 цифры «10» и «0,15» соответственно заменить цифрами «14» и «0,20».
2.Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить секретариат Всемирной Торговой Организации и Исполнительный комитет Содружества Независимых Государств о принятии настоящего постановления.
3.Настоящее постановление ввести в действие с 1 мая 2025 года.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 февраля 2025 года №138