ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тамдид намудани муҳлати воридоти муваққатии воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти сохтмонӣ, ки аз ҷониби филиали Ширкати «Жечианг Коммуникейшн Констракшн групп Ко ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалигардонии лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод, қитъаи 2» ворид карда шудаанд
Мутобиқи моддаи 213 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муҳлати воридоти муваққатии воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти сохтмонӣ, ки аз ҷониби филиали Ширкати «Жечианг Коммуникейшн Констракшн групп Ко ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалигардонии лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод, қитъаи 2» ворид карда шудаанд, то 31 декабри соли 2026 тамдид карда шавад (замима мегардад).
2. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати риояи талаботи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби филиали Ширкати «Жечианг Коммуникейшн Констракшн групп Ко ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 125
...