Низомномаи таснифоти ягонаи варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2024, № 5

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 августи соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1294


Замимаи 2
ба фармоиши раиси Кумитаи кор бо ҷавонон
ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 феврали соли 2024, № 5


НИЗОМНОМАИ ТАСНИФОТИ ЯГОНАИ ВАРЗИШӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомнома оид ба таснифоти ягонаи варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) дар асоси моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» таҳия гардида, меъёр, талабот ва тартиби сарфароз гардонидан ва маҳрум кардан аз унвонҳо ва дараҷаҳои варзишии дахлдор оид ба намудҳои варзишро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд, муқаррар мекунад.

2. УНВОНҲО ВА ДАРАҶАҲОИ ВАРЗИШӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2. Мутобиқи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҳо ва дараҷаҳои зерини варзишӣ муқаррар карда мешаванд:

- устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гроссмейстери Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дараҷаи якуми варзишӣ;

- дараҷаи дуюми варзишӣ;

- дараҷаи сеюми варзишӣ;

- дараҷаи якуми варзишии наврас;

- дараҷаи дуюми варзишии наврас;

- дараҷаи сеюми варзишии наврас.

3. Бо унвонҳо ва дараҷаҳои варзишӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (варзишгарон), ки дар мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, минтақавӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, натиҷаи назаррас нишон медиҳанд, сарфароз гардонида мешаванд.

3. МЕЪЁР ВА ТАЛАБОТИ САРФАРОЗ ГАРДОНИДАН БА УНВОН ВА ДАРАҶАҲОИ ВАРЗИШӢ

4. Меъёр ва талабот барои сарфароз гардонидани унвон ва дараҷаҳои варзишӣ, инчунин шартҳои иҷрои он бо дар назар доштани сатҳи рушди малакаи варзишӣ, ҷинс ва синну соли варзишгарон муқаррар карда мешавад.

5. Меъёрҳо бо ченаки вақт, вазн, хол ва масофа тибқи таснифоти ягонаи варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода карда мешаванд.

6. Талабот барои сарфароз гардонидан бо унвонҳо ва дараҷаҳои варзишӣ аз инҳо иборат мебошанд:

- ишғоли ҷой дар мусобиқаҳои эътирофшудаи федератсияи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- теъдоди ғалаба ба рақибон вобаста ба намуди барномаҳои варзишӣ;

- шумораи баромадҳо (қувваозмоиҳо), мусобиқаҳо ва бозиҳо;

- синну соли варзишгарон;

- теъдоди доварони дорои унвонҳо ва дараҷаҳои варзишии дахлдор (дар мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва аз он поёнтар);

- шумораи стартҳо, вохӯрии баргузоргардида, бозиҳо дар давраи ибтидоӣ (интихобӣ)-и мусобиқа, дигар шартҳои махсус бо дар назар доштани мушаххасоти намуди варзиш ва тарзи гузаронидани мусобиқа;

- дигар шартҳои махсус бо дар назар доштани мушаххасоти намуди варзиш, тарзи гузаронидани мусобиқа ва сатҳи он.

7. Меъёри унвон ва дараҷаи варзишӣ барои наврасон, ҷавонон ва собиқадорон дар замимаи Низомномаи мазкур пешбинӣ карда мешавад.

4. ТАРТИБИ САРФАРОЗ ГАРДОНИДАН ВА МАҲРУМ КАРДАН АЗ САРФАРОЗ ГАРДОНИДАН БО УНВОНҲО ВА ДАРАҶАҲОИ ВАРЗИШӢ

8. Унвонҳои варзишии устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо пешниҳоди ташкилотҳои зерини тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ сарфароз гардонида мешаванд:

- воҳидҳои сохтории мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

- федератсияҳои варзишии ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои варзиш.

9. Унвони варзишии гроссмейстери Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби федератсияи байналмилалӣ сарфароз гардонида мешавад.

10. Дараҷаҳои варзишии номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дараҷаи якуми варзишӣ аз ҷониби сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз тарафи мақоми ваколатдор дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш сарфароз гардонида мешаванд.

11. Номгӯйи ташкилоте, ки барои сарфароз гардонидан бо дараҷаи дуюми варзишӣ, дараҷаи сеюми варзишӣ, дараҷаи якуми варзишии наврас, дараҷаи дуюми варзишии наврас ва дараҷаи сеюми варзишии наврас ҳуқуқ доранд, инҳоянд:

- воҳидҳои сохтории мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

- мактабҳои варзишӣ, Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов», Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон» ва Муассисаи давлатии таълимии «Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ба номи Иброҳим Ҳасанов».

12. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои сарфароз гардонидан бо унвонҳо ва дараҷаҳои варзишӣ:

- пешниҳод;

- протоколи комиссиявӣ;

- 4 акси 3х4;

- протоколи мусобиқае, ки варзишгар меъёри унвон ё дараҷаҳои варзиширо иҷро кардааст;

- иҷрои меъёр тибқи талаботи таснифоти ягонаи варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нусхаи шиноснома.

13. Ҷиҳати баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва сарфароз гардонидан бо унвонҳо ва дараҷаҳои варзишӣ дар назди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш комиссия оид ба сарфароз гардонидан бо унвонҳо ва дараҷаҳои варзишӣ (минбаъд - комиссия) аз ҳисоби мутахассисони соҳа ва кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис дода мешавад.

14. Комиссия пешниҳод ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро дар муддати 3 моҳ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода, доир ба сарфароз гардонидан ё рад намудани сарфароз гардонидан бо унвонҳо ва дараҷаҳои варзишӣ қарор қабул мекунад. Қарори комиссия бо протокол ба расмият дароварда шуда, ба ҳар як саҳифаи он раис, котиб ва аъзои комиссия имзо мегузоранд. Комиссия он вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, агар дар ҷаласаи он аз се ду ҳиссаи аъзои он иштирок ошта бошанд.

15. Котиби масъули комиссия пешниҳод ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурии воридгардидаро дар муҳлати муқарраргардида мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, ҳуҷҷатҳоро ба пуррагӣ омода менамояд ва онро барои баррасии минбаъда ба комиссия пешниҳод менамояд.

16. Дар сурати қабули қарор дар бораи сарфароз гардонидан бо унвон ва дараҷаҳои варзишӣ, аз ҷониби комиссия лоиҳаи фармоиши роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ варзиш дар бораи сарфароз гардонидан бо унвон ва дараҷаҳои варзишӣ таҳия гардида, барои имзо ва муҳр пешниҳод карда мешавад.

17. Асосҳои рад кардан барои сарфароз гардонидан бо унвонҳо ва дараҷаҳои варзишӣ инҳоянд:

- нодуруст пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 11 Низомномаи мазкур пешбинӣ шудааст;

- маҳрум намудани варзишгар барои иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ ба муҳлати зиёда аз 1 сол.

18. Дар ҳолати қабули қарор аз ҷониби комиссия оид ба рад кардан ҷиҳати сарфароз гардонидан бо унвони ва дараҷаи варзишӣ сабаб ва омилҳои радкунӣ ба тариқи хаттӣ хабар дода мешавад.

19. Асосҳо барои маҳрум намудани варзишгар аз унвон ва дараҷаи варзишӣ инҳоянд:

- нодуруст пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои сарфароз гардонидан бо унвон ва дараҷаи варзишӣ ё дидаю дониста пинҳон намудани маълумоте, ки боиси маҳрум намудан аз унвон ва дараҷаи варзишӣ мегардад;

- риоя накардани қоидаҳои антидопингӣ;

- дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.

20. Масъалаи маҳрум кардан аз унвон ва дараҷаи варзишӣ аз ҷониби комиссия баррасӣ карда мешавад. Хулосаи комиссия ба роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш пешниҳод карда мешавад. Роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш қарори ниҳоиро оид ба маҳрум кардан аз унвони ва дараҷаи варзишӣ қабул менамояд, ки бо фармоиш ба расмият дароварда мешавад.

21. Аризаи шикоятӣ нисбати қарори қабулнамуда оид ба рад намудан ё маҳрум кардан аз додани унвон ва дараҷаи варзишӣ дар муҳлати 1 моҳ аз рӯзи баромадани фармоиш ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ирсол карда мешавад.

22. Аризаи шикоятӣ аз ҷониби комиссия дар давоми як моҳ баъд аз ворид гардидани он баррасӣ карда шуда, аз натиҷааш ба муроҷиаткунанда хулосаи дахлдор пешниҳод карда мешавад.

5. ТАРТИБИ СУПОРИДАНИ ШАҲОДАТНОМА ВА НИШОНИ САРИСИНАГӢ

23. Ба варзишгаре, ки унвон ва дараҷаи варзишӣ гирифтааст, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш шаҳодатнома ва нишони сарисинагӣ супорида мешавад.

24. Ҳангоми маҳрум кардан аз унвон ва дараҷаи варзишӣ нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи он ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргардонида мешавад.

6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

25. Баҳсҳо вобаста ба сарфароз гардонидан ва маҳрум кардани унвонҳо ва дараҷаҳои варзишӣ бо тартиби муқаррарнамудаи конунгузорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдорӣ давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ё бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад.

26. Шахсони воѕеҳ ва іуѕуѕҳ барои риоя накардани талаботи Низомномаи мазкур мутобиѕи ѕонунгузории Ӣуміурии Тоӣикистон ӣавобгар мебошанд.


Ниг. ба Замима



Зарегисттрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан 12 августа 2024 года,
регистрационный номер 1294


Приложение 1
к распоряжению председателя
Комитета по делам молодежи и спорта при
Правительстве Республики Таджикистан
от 26 февраля 2024 года, №5

ЕДИНАЯ СПОРТИВНАЯ КЛАССИФИКАЦИЯ В РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

 (прилагается)

Приложение 2
к распоряжению председателя Комитета
по делам молодежи и спорта при
Правительстве Республики Таджикистан
от 26 февраля 2024 года, №5

ПОЛОЖЕНИЕ О ЕДИНОЙ СПОРТИВНОЙ КЛАССИФИКАЦИИ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН

1.ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение о единой спортивной классификации в Республике Таджикистан (далее - Положение) разработано на основании статьи 27 Закона Республики Таджикистан «О физической культуре и спорте», и определяет критерии, условия и порядок присвоения и лишения спортивных званий и разрядов по видам спорта, которая признано в Республике Таджикистан.

2.СПОРТИВНЫЕ ЗВАНИЯ И РАЗРЯДЫ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН

2. В соответствии со статьей 27 Закона Республики Таджикистан «О физической культуре и спорте» в Республики Таджикистан устанавливаются следующие спортивные звания и разряды:

- мастер спорта международного класса Республики Таджикистан;

- мастер спорта Республики Таджикистан;

- гроссмейстер Республики Таджикистан;

- кандидат в мастера спорта Республики Таджикистан;

- первый спортивный разряд;

- второй спортивный разряд;

- третий спортивный разряд;

- первый юношеский спортивный разряд;

- второй юношеский спортивный разряд;

- третий юношеский спортивный разряд.

3. Спортивными званиями и разрядами награждаются граждане Республики Таджикистан (спортсмены), участвующие в районных, городских, областных, региональных, республиканских и международных соревнованиях и показывающие значительные результаты.

3.КРИТЕРИИ И ТРЕБОВАНИЯ К ПРИСУЖДЕНИЮ СПОРТИВНЫХ ЗВАНИЙ И РАЗРЯДОВ

4. Критерии и требования к присвоению спортивных званий и разрядов, а также условия его осуществления устанавливаются с учетом уровня развития спортивных навыков, пола и возраста спортсменов.

5. Критерии выражаются путем измерения времени, веса, очков и расстояния в соответствии с единой спортивной классификации в Республике Таджикистан.

6. Требования для присвоения спортивных званий и разрядов включают:

- занятие мест на признанных соревнованиях международной федерации Республики Таджикистан;

- количество побед над соперниками в зависимости от вида спортивной программы;

- количество выступлений (упражнений), соревнований и игр;

- возраст спортсменов;

- количество судей, имеющих соответствующие спортивные звания и разряды (на соревнованиях республиканского уровня и ниже);

- количество стартов, проводимых встреч, игр в начальный (отборочный) период соревнований, иные специальные условия с учетом специфики вида спорта и способа проведения соревнований.

- иные специальные условия с учетом специфики вида спорта, способа проведения соревнований и их уровня.

7. Критерии спортивных званий и разрядов для юниоров, молодежи и ветеранов предусмотрены в приложении к настоящему Положению.

4.ПОРЯДОК ПРИСВОЕНИЯ И ЛИШЕНИЯ ОТ ПРИСВОЕНИЯ СПОРТИВНЫХ ЗВАНИЙ И РАЗРЯДОВ

8. Спортивные звания мастер спорта международного класса Республики Таджикистан и мастер спорта Республики Таджикистан присваиваются уполномоченным государственным органом в сфере физической культуры и спорта по представлению следующих организаций физической культуры и спорта:

- структурные подразделения уполномоченных государственных органов в области физической культуры и спорта в Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской области, города Душанбе и городов и районов республиканского подчинения;

- республиканские спортивные федерации по видам спорта.

9. Спортивное звание гроссмейстер Республики Таджикистан присваивается международной федерацией.

10. Спортивные разряды кандидат в мастера спорта Республики Таджикистан и первый спортивный разряд выдвигаются местными органами уполномоченных государственных органов в области физической культуры и спорта в Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской области, городу Душанбе, а для городов и районов республиканского подчинения присваиваются уполномоченным государственным органом в области физической культуры и спорта.

11. Перечень организаций, имеющих право на присвоение второго спортивного разряда, третьего спортивного разряда, первого юношеского спортивного разряда, второго юношеского спортивного разряда и третьего юношеского спортивного разряда:

- структурные подразделения уполномоченных органов государственной власти в сфере физической культуры и спорта в Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областях, городе Душанбе и городов и районов республиканского подчинения;

- спортивные школы, Государственное образовательное учреждение «Таджикский институт физической культуры по имени Саидмуъмина Рахимова», Государственное образовательное учреждение «Таджикский колледж физической культуры» и Государственное образовательное учреждение «Республиканская общеобразовательная школа-интернат спортивного профиля по имени Иброхима Хасанова».

12. Документы необходимые для присвоения спортивных званий и разрядов:

- представление;

- протокол комиссии;

- 4 фото (3х4);

- протокол соревнования, в котором спортсмен выполнил критерии спортивного звания или разряда;

- выполнение нормы в соответствии с Единой спортивной классификации в Республике Таджикистан;

- копия паспорта.

13. Для рассмотрения представленных документов и присвоения спортивных званий и разрядов при государственном уполномоченном органе в области физической культуры и спорта создается комиссия по присвоению спортивных званий и разрядов (далее - Комиссия) из числа специалистов отрасли и работников уполномоченного государственного органа в области физической культуры и спорта.

14. Комиссия, всесторонне рассмотрев представление и другие необходимые документы, в течение 3 месяца принимает решение о присвоении или об отказе в присвоении спортивных званий и разрядов. Решения комиссии оформляется протоколом и в каждой странице подписывается председателем, секретарем и членами комиссии. Комиссия считается правомочной, если на его заседаниях присутствуют от двух третьих его членов.

15. Ответственный секретарь в установленный срок анализирует и изучает представление и другие необходимые документы, полностью подготавливает документы для представление их в комиссию для дальнейшего рассмотрения.

16. В случае принятия решения о присвоении спортивных званий и разрядов, со стороны комиссии подготавливается проект распоряжения председателя уполномоченного государственного органа в области физической культуры и спорта о присвоении спортивных званий и разрядов и представляется для получения подписи и печати председателю.

17. Основаниями для отказа в присвоении спортивных званий и разрядов являются:

- недостоверность представленных документов, необходимых для присвоения спортивных званий и разрядов;

- спортивная дисквалификация на срок более 1 года.

18. В случае принятия комиссией решения об отказе в присвоении спортивных званий и разрядов причины и факторы отказа письменно сообщается.

19. Основаниями для лишения спортсмена спортивных званий и разрядов являются:

- недостоверность предоставленных документов для присвоение спортивных званий и разрядов или умышленное сокрытие сведений являющихся основанием для лишения спортивных званий и разрядов;

- не соблюдение антидопинговых правил;

- иные случае, установленные законодательством Республики Таджикистан.

20. Вопросы о лишении спортивных званий и разрядов рассматриваются комиссией. Заключение комиссии представляется председателю уполномоченного государственного органа в области физической культуры и спорта. Председатель уполномоченного государственного органа в области физической культуры и спорта принимает окончательное решение о лишении присвоенного спортивного звания и разряда, которое оформляется распоряжением.

21. Апелляция на решения о лишении или об отказе в присвоении спортивного звания и разряда направляется в уполномоченный государственный орган в области физической культуры и спорта в течении 1 месяца со дня вынесения соответствующего распоряжения.

22. Апелляционное заявление рассматривается комиссией в течение одного месяца со дня вступления и от его результата предоставляется соответствующее заключение заявителю.

5. ПОРЯДОК ВРУЧЕНИЯ УДОСТВЕРЕНИЯ, КНИГА УЧЕТА СПОРТИВНЫХ ЗВАНИЙ И РАЗРЯДОВ СПОРТСМЕНА И НАГРУДНОГО ЗНАКА

23. Спортсмену, получившему спортивное звание и разряд, выдается удостоверение и нагрудный значок от имени уполномоченного государственного органа в области физической культуры и спорта.

24. В случае лишения почетного спортивного звания и разряда нагрудный знак и удостоверение подлежат возврату в уполномоченный государственный орган в области физической культуры и спорта.

6. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

25. Споры, связанные с порядком присвоения и лишения спортивных званий и разрядов разрешаются в порядке, установленной законодательством уполномоченным государственным органом в области физической культуры и спорта или в судебном порядке.

26. Физические и юридические лица несут ответственность за несоблюдение требований настоящего Положения в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

Приложение
к Положению о единой спортивной классификации
в Республике Таджикистан


КРИТЕРИИ СПОРТИВНЫХ ЗВАНИЙ И РАЗРЯДОВ ДЛЯ ЮНИОРОВ, МОЛОДЕЖИ И ВЕТЕРАНОВ


Вид соревнований

Мастер спорта Республики Таджикистан

Кандидат в мастера спорта Республики Таджикистан

Первый спортивный разряд

Второй спортивный разряд

Третий спортивный разряд

Первый юношеский спортивный разряд

Второй юношеский спортивный разряд

Третий юношеский спортивный разряд

1.     1

Юношеские Олимпийские игры

1 место

2-3 места

 

 

 

 

 

 

2.      

Чемпионат мира среди юниоров

1 место

2-3 места

 

 

 

 

 

 

3.      

Чемпионат мира среди молодежи

1-2 место

3 место

 

 

 

 

 

 

4.      

Чемпионат Азии среди молодежи

1 место

2-3 места

 

 

 

 

 

 

5.      

Чемпионат мира среди ветеранов

1 место

2-3 места

 

 

 

 

 

 

6.      

Чемпионат Республики Таджикистан среди юниоров

 

 

1 место

2 место

3 место

 

 

 

7.      

Чемпионат Республики Таджикистан среди молодежи

 

1 место

2 место

3 место

 

 

 

 

8.      

Официальные спортивные соревнование

 

 

 

 

 

1 место

2 место

3 место

9.      

Официальный чемпионат Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе и городов и районов республиканского подчинения

 

1 место

2 место

3 место

 

 

 

 

Примечание: Для присвоения спортивных званий и разрядов мастер спорта Республики Таджикистан, кандидат в мастера спорта Республики Таджикистан необходимо занять определенного место в вышеуказанных соревнованиях при условии достижения не менее 3 побед (не меньше 3 участников по видам спорта, измеряемых временем, весом, очками и расстоянием).

Учитываться будут только соревнования юниоров 15 лет и старше (кроме художественной гимнастики).

Соревнования юниоров 14 лет и младше (кроме художественной гимнастики) не учитываются.