Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 августи соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1294
КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
Дар бораи Таснифоти ягонаи варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи таснифоти ягонаи варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
190.020.060.
Мутобиқи қисми 6 моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва сархати сенздаҳуми банди 9 Низомномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, № 257 тасдиқ шудааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Таснифоти ягонаи варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи таснифоти ягонаи варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1 ва 2).
2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
3. Фармоиши мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Фармоиши раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2014, №221-в «Дар бораи муқаррар намудани Унвонҳои «Номзади устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гройссмейстер», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2015, №776 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
5. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумита – сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода
ш. Душанбе, аз 26 феврали соли 2024 № 5
Зарегисттрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан 12 августа 2024 года,
регистрационный номер 1294
КОМИТЕТ ПО ДЕЛАМ МОЛОДЁЖИ И СПОРТА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
РАСПОРЯЖЕНИЕ
О Единой спортивной классификации в Республике Таджикистан и Положении о единой спортивной классификации в Республике Таджикистан
190.020.060.
В соответствии с частью 6 статьи 27 Закона Республики Таджикистан «О физической культуре и спорте» и абзацем тринадцатым пункта 9 Положения Комитета по делам молодёжи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 27 мая 2017 года, №257,
РАСПОРЯЖАЮСЬ:
1. Утвердить Единую спортивную классификацию в Республике Таджикистан и Положение о единой спортивной классификации в Республике Таджикистан (приложения 1 и 2).
2. Настоящее распоряжение представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации.
3. Настоящее распоряжение ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
4. Признать утратившим силу распоряжение председателя Комитета по делам молодёжи, спорта и туризма при Правительстве Республики Таджикистан от 3 декабря 2014 года, №221-в «Об утверждении Званий «Кандидат в мастера спорта Республики Таджикистан, Мастер спорта Республики Таджикистан, Мастер спорта международного класса, Заслуженный мастер Республики Таджикистан и Гроссмейстер», зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 26 января 2015 года, №776.
5. Контроль над исполнением настоящего распоряжения возложить на заместителя председателя Комитета – куратора отрасли.
Председатель Комитета по делам
молодёжи и спорта при Правительстве
Республики Таджикистан Зулфикар Гулахмадзода
г. Душанбе, от 26 февраля 2024 года, №5