Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2024, № 705 "Дар бораи Низомномаи намунавии шурои нозирони корхонаи давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Низомномаи намунавии шурои нозирони корхонаи давлатӣ

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи намунавии шурои нозирони корхонаи давлатӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо Низомномаи намунавии мазкурро дар фаъолияти худ ба роҳбарӣ гиранд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, № 432 «Дар бораи низомномаи намунавии шӯрои нозирони корхонаи давлатӣ» аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 декабри соли 2024, № 705


Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Типовом положении о наблюдательном совете государственного предприятия

В соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан «О государственных предприятиях» и статьей 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Типовое положение о наблюдательном совете государственного предприятия (прилагается).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов в своей деятельности руководствоваться настоящим Типовым положением.

3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 июля 2020 года, №432 «О типовом положении наблюдательного совета государственного предприятия».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбеот 30 декабря 2025 года №705