ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, №546
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 546 «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда» тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. банди 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Пардохти хироҷҳо ва пардохтҳои тибқи қарори мазкур муқарраргардида тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.»;
2. бандҳои 3 ва 4 мувофиқан бандҳои 4 ва 5 ҳисобида шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 675