Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, № 655 "Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 01.07.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ доранд, пешбурди фаъолияти таълимиро тибқи Стандарти мазкур ба роҳ монанд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, № 388 «Дар бораи тасдиқи Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номгӯи касбҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ» аз эътибор соқит дониста шавад.

4. Қарори мазкур аз 1 июли соли 2025 мавриди амал қарор дода шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

...

Правительство Республики Таджикистан 

Постановление

О Государственном стандарте начального профессионального образования в Республике Таджикистан

В соответствии со статьёй 32 Закона Республики Таджикистан «Об образовании», статьёй 24 Закона Республики Таджикистан «О начальном профессиональном образовании» и статьёй 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:


Председатель
Правительства Республики Таджикистан          Эмомали Рахмон 
г.Душанбе от 26 декабря 2024 года №655

 


...