ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Консепсияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045
Мутобиқи моддаҳои 4, 10 ва 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Консепсияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози амалисозии Консепсияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045 муайян карда шавад.
3. Амалисозии Консепсияи мазкур дар доираи маблағҳои ҳамасола барои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ пешбинишавандаи буҷети давлатӣ, инчунин маблағҳои ғайрибуҷетӣ, грантҳо ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода шавад.
4. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои Консепсияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045 чораҳои дахлдор андешад.
5. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар муҳлати се моҳ ҷиҳати амалишавии Консепсияи мазкур лоиҳаи Стратегияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045-ро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 652
...