Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 октябри соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1305
Замима
ба фармоиши директори
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 сентябри соли 2024,
№1/37 ТАРТИБИ ЭЪТИРОФИ ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ, КИ ТИБҚИ ҲУҚУҚИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ОМОДА КАРДА ШУДААСТ
(фармоиш аз 01.09.2025
№1/12)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби эътирофи имзои электронӣ, ки тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ омода карда шудааст (минбаъд – Тартиб) тартиби эътирофи имзои электрониро, ки тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ омода карда шудааст, муайян менамояд.
2. Эътироф намудани сертификати хориҷии калиди имзои электронӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Имзои электроние, ки тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ омода карда шудааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун имзои электронӣ дар сурате эътироф карда мешавад, ки аломатҳояш тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ба чунин намуди имзои электронӣ мутобиқ мебошад (№1/12).
4. Имзои электронӣ ва ҳуҷҷати электроние, ки бо он имзо шудааст, танҳо дар асоси он, ки сертификати калиди имзои электронӣ тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ дода шудааст, эътибори ҳуқуқӣ надошта ҳисобида намешавад.
2. ЭЪТИРОФ КАРДАНИ ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНИИ ХОРИҶӢ
5. Имзои электронӣ, ки тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ омода карда шудааст ва сертификати бақайдгирии хориҷӣ дорад, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин эътироф карда мешавад, агар:
- аслияти имзои электронии рақамии хориҷӣ аз ҷониби тарафи сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда бошад (№1/12);
- шахсе, ки ҳуҷҷати электрониро имзо кардааст, калиди пӯшидаи имзои рақамии электронии хориҷиро дар асоси қонун дорад;
- имзои рақамии электронии хориҷӣ тибқи маълумоти дар сертификати бақайдгирӣ нишондодашуда истифода шуда истодааст;
- бо воситаҳои имзои электронии рақамии маркази тасдиқкунандаи хориҷӣ, ки дар тарафи сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташуда ё маркази тасдиқкунандаи хориҷӣ, ки дар тарафи сеюми бовариноки давлати хориҷии дар тарафи сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаааст, сохта шудааст (№1/12).
6. Имзои электронӣ, ки дар ҳамкории байнидавлатӣ истифода мешавад, бояд ба шартҳои зерин ҷавобгӯ бошад:
- дар натиҷаи табдили криптографии иттилоот бо истифода аз калиди имзои электронӣ сохта шавад;
- имкон диҳад, ки шахси ҳуҷҷати электрониро имзо карда, муайян гардад;
- калиди санҷиши имзои электронӣ бояд дар сертификате, ки аз ҷониби маркази тасдиқкунанда, ки тибқи қонунгузории давлати тарафи дахлдор аккредитатсиягардида, сохта шудааст, нишон дода шавад (№1/12);
- имкон диҳад, ки далели ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷати электронӣ пас аз имзои он ошкор карда шавад.
7. Санҷиши имзои электронӣ аз ҷониби иштирокдорони зерин ба роҳ монда мешавад:
- иштирокдорони ҳамкории электронӣ;
- тарафи сеюми боваринок;
- марказҳои тасдиқкунандаи тарафҳо.
8. Барои санҷиши имзои электронӣ қабулкунандаи ҳуҷҷати электронӣ ба тарафи сеюми боваринок, ки дар кишвари қабулкунандаи ҳуҷҷати электронӣ ба қайд гирифта шудааст ва фаъолияти худро амалӣ менамояд (минбаъд - тарафи сеюми бовариноки қабулкунанда), тавассути мавҷҳо (каналҳо)-и телекоммуникатсионӣ ба тарафи сеюми боваринок барои санҷиши имзои электронӣ (имзои электронии рақамӣ) дар ҳуҷҷати электронии гирифтааш дархост ирсол менамояд.
Эзоҳ:
Дархост барои тасдиқи имзои электронӣ дар ҳуҷҷати электронӣ сохтори маълумотест, ки дар он ҳуҷҷати электронии аз ирсолкунанда гирифташуда, унсурҳои маълумот барои муайян кардани ирсолкунанда, салоҳияти бақайдгирии ирсолкунанда ва инчунин унсурҳои маълумот барои шахсони бовариноки сеюм ҷиҳати муайян кардани салоҳияти бақайдгирии қабулкунанда дохил карда мешаванд.
9. Талабот ба андоза ва сохтори дархост барои тасдиқи аслӣ будани ҳуҷҷати электронӣ дар шартнома (созишнома), ки аз ҷониби тарафҳои сеюми боваринок баста мешавад, муайян карда мешавад.
10. Тарафҳои сеюми боваринок, ки дар бораи ҳамкории мутақобила шартнома (созишнома) бастаанд, якҷо бо якдигар мувофиқи талаботи Тартиби мазкур санҷиши имзои электронии дар ҳуҷҷати электронӣ бударо таъмин менамоянд. Натиҷаи санҷиш аз ҷониби тарафи сеюми боваринок ба қабулкунанда ирсол карда мешавад.
11. Маълумоте, ки натиҷаҳои мусбати санҷиши имзои электрониро дар ҳуҷҷати электронӣ дар бар мегирад, тамомият ва эътибор (аслият)-и ин ҳуҷҷати электрониро тасдиқ мекунад.
12. Маълумоте, ки натиҷаи манфии санҷиши имзои электрониро дар ҳуҷҷати электронӣ дар бар мегирад, аз эътироф накардани имзои электронӣ ва беэътибории ҳуҷҷати электронӣ шаҳодат медиҳад.
13. Талабот ба шакл ва сохтори маълумот (иттилоот) дар шартнома (созишнома), ки аз ҷониби тарафҳои сеюми боваринок баста мешавад, муайян карда мешавад.
14. Қабулкунанда бо роҳнамоии маълумоте, ки аз ҷониби тарафи сеюми бовариноки қабулкунанда дода мешавад, ҳуҷҷатро ҳамчун аслӣ эътироф мекунад (агар маълумот натиҷаи мусбати санҷиши имзои электрониро дар ин ҳуҷҷати электронӣ нишон диҳад) ва коркарди минбаъдаи онро иҷро мекунад, ё ҳуҷҷати электрониро аслӣ эътироф накарда, коркарди онро қатъ менамояд (агар маълумот натиҷаи манфии санҷиши имзои электрониро нишон диҳад).
15. Агар аз ҷониби қабулкунанда коркарди ҳуҷҷати электронӣ қатъ гардад, ҳатман ирсолкунанда огоҳ карда мешавад.
16. Талабот ба сохтори паёмҳое, ки мувофиқи онҳо мубодилаи дархостҳо ва иттилоот иҷро мегардад, дар шартнома (созишнома), ки аз ҷониби тарафҳои сеюми боваринок баста мешавад, муайян карда мешавад.
17. Ҳамкории иттилоотии тарафҳои сеюми боваринок тибқи шартнома (созишнома) ба роҳ монда мешавад.
18. Тарафи сеюми бовариноки қабулкунанда, ки дархости қабулкунандаро дар бораи тасдиқи аслияти ҳуҷҷати электронӣ қабул кардааст, онро коркард намуда, аз номи худ дархост оид ба тасдиқи имзои электронӣ дар ҳуҷҷати электрониро ба тарафи сеюми боваринок, ки дар давлати ирсолкунандаи ҳуҷҷати электронӣ ба қайд гирифта шудааст, (минбаъд - тарафи сеюми боваринок ирсолкунанда) мефиристад.
19. Тарафи сеюми бовариноки ирсолкунанда, ки аз тарафи сеюми бовариноки қабулкунанда дархост гирифтааст, амалҳои зеринро амалӣ менамояд:
- санҷиши ҳамаи имзоҳои электронии ҳуҷҷати электронии дар дархост зикршударо иҷро мекунад;
- маълумотеро омода менамояд, ки натиҷаҳои санҷиши ҳамаи имзоҳои электронии ҳуҷҷати электронии дар дархост нишондодашударо дар бар мегирад;
- маълумоти ташаккулёфтаро тавассути мавҷҳо (каналҳо)-и телекоммуникатсионӣ ба тарафи сеюми бовариноки қабулкунанда мефиристад.
20. Санҷиши имзои электронӣ дар ҳуҷҷати электронӣ дар маҷмуъ аз санҷиши риояи шартҳои зерин иборат аст:
- пуррагии ҳуҷҷати электронӣ вайрон нашуда, бо роҳи муқоисаи арзиши хеш-ҳуҷҷати электронӣ, ки аз ҷониби тарафи сеюми боваринок ҳисоб карда шудааст, бо арзиши хеш-ҳуҷҷати электронӣ санҷида мешавад;
- имзои электронӣ бо истифода аз калиди имзои электронӣ сохта шудааст, ки сертификати калиди тасдиқи имзои электронӣ дар ҳуҷҷати электронӣ нишон дода шудааст;
- сертификати калиди тасдиқи имзои электронӣ ҳангоми имзои ҳуҷҷати электронӣ эътибор дорад (муҳлати сертификати калиди тасдиқи имзои электронӣ ба охир нарасидааст ва ин сертификат пеш аз муҳлат қатъ нашудааст);
- ҳар як сертификати калиди тасдиқи имзои электронӣ аз занҷири сертификати калиди тасдиқи имзои электронии марказҳои тасдиқкунанда дар лаҳзаи имзо эътибор дорад (муҳлати эътибори сертификатҳои калиди тасдиқи имзои электронии марказҳои тасдиқкунанда ба охир нарасидааст ва ин сертификатҳо пеш аз муҳлат қатъ нашудаанд);
- сертификати калиди тасдиқи имзои электронӣ барои тасдиқи имзои электронии ҳуҷҷати электронӣ пешбинӣ шудааст;
- дурустии штампи вақти ҳуҷҷати электронӣ (дар сурати мавҷуд будан) санҷида шудааст.
21. Тарафи сеюми бовариноки ирсолкунанда ҳуқуқ дорад иловатан имзои электронии ирсолкунандаро дар ҳуҷҷати электронӣ, аз ҷумла тибқи талаботи қонунгузории давлати худ санҷад.
22. Санҷиши ҳар як имзои электронӣ новобаста ба натиҷаҳои санҷиши имзои дигари электронии ҳуҷҷати электронӣ анҷом дода мешавад. Натиҷаи манфии санҷиши як имзои электронӣ маънои қатъ кардани санҷиши имзои дигари электронии ҳуҷҷати электрониро надорад.
23. Агар шартҳои дар Тартиби мазкур зикршуда ҳангоми санҷиши ҳамаи имзоҳои электронии ҳуҷҷати электронӣ иҷро карда шаванд, аслӣ будани ҳуҷҷати электронӣ (натиҷаи мусбати санҷиш) тасдиқ карда мешавад. Агар ҳадди ақал яке аз шартҳои як имзои электронӣ иҷро нашавад (натиҷаи манфии санҷиш), аслӣ будани ҳуҷҷати электронӣ тасдиқнашуда ҳисобида мешавад.
24. Ҳангоми санҷиши имзои электронӣ ҳамаи санҷишҳои зикршуда дар сана ва вақти дар штампи вақт нишондодашуда гузаронда мешаванд, дар сурати набудани штампи вақт санҷиш дар сана ва вақти ҷорӣ гузаронда мешавад.
25. Дар натиҷаи санҷиши маълумоти тарафи сеюми бовариноки ирсолкунанда, тарафи сеюми бовариноки қабулкунанда маълумотеро ташкил медиҳад, ки бо имзои электронӣ, бо истифода аз алгоритмҳои криптографӣ ва воситаҳои имзои электронӣ тибқи қонунгузории давлати тарафи қабулкунандаи ҳуҷҷати электронӣ сохта шудааст, имзо карда мешавад.
26. Тарафи сеюми бовариноки қабулкунанда ба қабулкунанда тибқи шартнома (созишнома)-и байни онҳо маълумот медиҳад.
3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
27. Барои риоя накардани муқаррароти Тартиби мазкур шахсони масъул тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (№1/12).
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 октябри соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1305
Замима
ба фармоиши директори
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 сентябри соли 2024,
№1/37 ТАРТИБИ ЭЪТИРОФИ ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ, КИ ТИБҚИ ҲУҚУҚИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ОМОДА КАРДА ШУДААСТ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби эътирофи имзои электронӣ, ки тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ омода карда шудааст (минбаъд – Тартиб) тартиби эътирофи имзои электрониро, ки тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ омода карда шудааст, муайян менамояд.
2. Эътироф намудани сертификати хориҷии калиди имзои электронӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Имзои электроние, ки тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ омода карда шудааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун имзои электронӣ дар сурате эътироф карда мешавад, ки он ба намуди имзои электронии муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» мутобиқ бошад.
4. Имзои электронӣ ва ҳуҷҷати электроние, ки бо он имзо шудааст, танҳо дар асоси он, ки сертификати калиди имзои электронӣ тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ дода шудааст, эътибори ҳуқуқӣ надошта ҳисобида намешавад.
2. ЭЪТИРОФ КАРДАНИ ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНИИ ХОРИҶӢ
5. Имзои электронӣ, ки тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ омода карда шудааст ва сертификати бақайдгирии хориҷӣ дорад, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин эътироф карда мешавад, агар:
- аслӣ будани имзои электронии рақамии хориҷӣ аз ҷониби тарафи сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда бошад;
- шахсе, ки ҳуҷҷати электрониро имзо кардааст, калиди пӯшидаи имзои рақамии электронии хориҷиро дар асоси қонун дорад;
- имзои рақамии электронии хориҷӣ тибқи маълумоти дар сертификати бақайдгирӣ нишондодашуда истифода шуда истодааст;
- бо воситаи имзои электронии рақамии маркази тасдиқкунандаи хориҷӣ, ки дар тарафи сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташуда ё маркази тасдиқкунандаи хориҷӣ, ки дар тарафи сеюми бовариноки давлати хориҷии дар тарафи сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаааст, сохта шудааст.
6. Имзои электронӣ, ки дар ҳамкории байнидавлатӣ истифода мешавад, бояд ба шартҳои зерин ҷавобгӯ бошад:
- дар натиҷаи табдили криптографии иттилоот бо истифода аз калиди имзои электронӣ сохта шавад;
- имкон диҳад, ки шахси ҳуҷҷати электрониро имзо карда, муайян гардад;
- калиди санҷиши имзои электронӣ бояд дар шаҳодатномае, ки аз ҷониби маркази тасдиқкунанда, ки тибқи қонунгузории давлати тарафи дахлдор аккредитатсиягардида, сохта шудааст, нишон дода шавад;
- имкон диҳад, ки далели ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷати электронӣ пас аз имзои он ошкор карда шавад.
7. Санҷиши имзои электронӣ аз ҷониби иштирокдорони зерин ба роҳ монда мешавад:
- иштирокдорони ҳамкории электронӣ;
- тарафи сеюми боваринок;
- марказҳои тасдиқкунандаи тарафҳо.
8. Барои санҷиши имзои электронӣ қабулкунандаи ҳуҷҷати электронӣ ба тарафи сеюми боваринок, ки дар кишвари қабулкунандаи ҳуҷҷати электронӣ ба қайд гирифта шудааст ва фаъолияти худро амалӣ менамояд (минбаъд - тарафи сеюми бовариноки қабулкунанда), тавассути мавҷҳо (каналҳо)-и телекоммуникатсионӣ ба тарафи сеюми боваринок барои санҷиши имзои электронӣ (имзои электронии рақамӣ) дар ҳуҷҷати электронии гирифтааш дархост ирсол менамояд.
Эзоҳ:
Дархост барои тасдиқи имзои электронӣ дар ҳуҷҷати электронӣ сохтори маълумотест, ки дар он ҳуҷҷати электронии аз ирсолкунанда гирифташуда, унсурҳои маълумот барои муайян кардани ирсолкунанда, салоҳияти бақайдгирии ирсолкунанда ва инчунин унсурҳои маълумот барои шахсони бовариноки сеюм ҷиҳати муайян кардани салоҳияти бақайдгирии қабулкунанда дохил карда мешаванд.
9. Талабот ба андоза ва сохтори дархост барои тасдиқи аслӣ будани ҳуҷҷати электронӣ дар шартнома (созишнома), ки аз ҷониби тарафҳои сеюми боваринок баста мешавад, муайян карда мешавад.
10. Тарафҳои сеюми боваринок, ки дар бораи ҳамкории мутақобила шартнома (созишнома) бастаанд, якҷо бо якдигар мувофиқи талаботи Тартиби мазкур санҷиши имзои электронии дар ҳуҷҷати электронӣ бударо таъмин менамоянд. Натиҷаи санҷиш аз ҷониби тарафи сеюми боваринок ба қабулкунанда ирсол карда мешавад.
11. Маълумоте, ки натиҷаҳои мусбати санҷиши имзои электрониро дар ҳуҷҷати электронӣ дар бар мегирад, тамомият ва эътибор (аслият)-и ин ҳуҷҷати электрониро тасдиқ мекунад.
12. Маълумоте, ки натиҷаи манфии санҷиши имзои электрониро дар ҳуҷҷати электронӣ дар бар мегирад, аз эътироф накардани имзои электронӣ ва беэътибории ҳуҷҷати электронӣ шаҳодат медиҳад.
13. Талабот ба шакл ва сохтори маълумот (иттилоот) дар шартнома (созишнома), ки аз ҷониби тарафҳои сеюми боваринок баста мешавад, муайян карда мешавад.
14. Қабулкунанда бо роҳнамоии маълумоте, ки аз ҷониби тарафи сеюми бовариноки қабулкунанда дода мешавад, ҳуҷҷатро ҳамчун аслӣ эътироф мекунад (агар маълумот натиҷаи мусбати санҷиши имзои электрониро дар ин ҳуҷҷати электронӣ нишон диҳад) ва коркарди минбаъдаи онро иҷро мекунад, ё ҳуҷҷати электрониро аслӣ эътироф накарда, коркарди онро қатъ менамояд (агар маълумот натиҷаи манфии санҷиши имзои электрониро нишон диҳад).
15. Агар аз ҷониби қабулкунанда коркарди ҳуҷҷати электронӣ қатъ гардад, ҳатман ирсолкунанда огоҳ карда мешавад.
16. Талабот ба сохтори паёмҳое, ки мувофиқи онҳо мубодилаи дархостҳо ва иттилоот иҷро мегардад, дар шартнома (созишнома), ки аз ҷониби тарафҳои сеюми боваринок баста мешавад, муайян карда мешавад.
17. Ҳамкории иттилоотии тарафҳои сеюми боваринок тибқи шартнома (созишнома) ба роҳ монда мешавад.
18. Тарафи сеюми бовариноки қабулкунанда, ки дархости қабулкунандаро дар бораи тасдиқи аслияти ҳуҷҷати электронӣ қабул кардааст, онро коркард намуда, аз номи худ дархост оид ба тасдиқи имзои электронӣ дар ҳуҷҷати электрониро ба тарафи сеюми боваринок, ки дар давлати ирсолкунандаи ҳуҷҷати электронӣ ба қайд гирифта шудааст, (минбаъд - тарафи сеюми боваринок ирсолкунанда) мефиристад.
19. Тарафи сеюми бовариноки ирсолкунанда, ки аз тарафи сеюми бовариноки қабулкунанда дархост гирифтааст, амалҳои зеринро амалӣ менамояд:
- санҷиши ҳамаи имзоҳои электронии ҳуҷҷати электронии дар дархост зикршударо иҷро мекунад;
- маълумотеро омода менамояд, ки натиҷаҳои санҷиши ҳамаи имзоҳои электронии ҳуҷҷати электронии дар дархост нишондодашударо дар бар мегирад;
- маълумоти ташаккулёфтаро тавассути мавҷҳо (каналҳо)-и телекоммуникатсионӣ ба тарафи сеюми бовариноки қабулкунанда мефиристад.
20. Санҷиши имзои электронӣ дар ҳуҷҷати электронӣ дар маҷмуъ аз санҷиши риояи шартҳои зерин иборат аст:
- пуррагии ҳуҷҷати электронӣ вайрон нашуда, бо роҳи муқоисаи арзиши хеш-ҳуҷҷати электронӣ, ки аз ҷониби тарафи сеюми боваринок ҳисоб карда шудааст, бо арзиши хеш-ҳуҷҷати электронӣ санҷида мешавад;
- имзои электронӣ бо истифода аз калиди имзои электронӣ сохта шудааст, ки сертификати калиди тасдиқи имзои электронӣ дар ҳуҷҷати электронӣ нишон дода шудааст;
- сертификати калиди тасдиқи имзои электронӣ ҳангоми имзои ҳуҷҷати электронӣ эътибор дорад (муҳлати сертификати калиди тасдиқи имзои электронӣ ба охир нарасидааст ва ин сертификат пеш аз муҳлат қатъ нашудааст);
- ҳар як сертификати калиди тасдиқи имзои электронӣ аз занҷири сертификати калиди тасдиқи имзои электронии марказҳои тасдиқкунанда дар лаҳзаи имзо эътибор дорад (муҳлати эътибори сертификатҳои калиди тасдиқи имзои электронии марказҳои тасдиқкунанда ба охир нарасидааст ва ин сертификатҳо пеш аз муҳлат қатъ нашудаанд);
- сертификати калиди тасдиқи имзои электронӣ барои тасдиқи имзои электронии ҳуҷҷати электронӣ пешбинӣ шудааст;
- дурустии штампи вақти ҳуҷҷати электронӣ (дар сурати мавҷуд будан) санҷида шудааст.
21. Тарафи сеюми бовариноки ирсолкунанда ҳуқуқ дорад иловатан имзои электронии ирсолкунандаро дар ҳуҷҷати электронӣ, аз ҷумла тибқи талаботи қонунгузории давлати худ санҷад.
22. Санҷиши ҳар як имзои электронӣ новобаста ба натиҷаҳои санҷиши имзои дигари электронии ҳуҷҷати электронӣ анҷом дода мешавад. Натиҷаи манфии санҷиши як имзои электронӣ маънои қатъ кардани санҷиши имзои дигари электронии ҳуҷҷати электрониро надорад.
23. Агар шартҳои дар Тартиби мазкур зикршуда ҳангоми санҷиши ҳамаи имзоҳои электронии ҳуҷҷати электронӣ иҷро карда шаванд, аслӣ будани ҳуҷҷати электронӣ (натиҷаи мусбати санҷиш) тасдиқ карда мешавад. Агар ҳадди ақал яке аз шартҳои як имзои электронӣ иҷро нашавад (натиҷаи манфии санҷиш), аслӣ будани ҳуҷҷати электронӣ тасдиқнашуда ҳисобида мешавад.
24. Ҳангоми санҷиши имзои электронӣ ҳамаи санҷишҳои зикршуда дар сана ва вақти дар штампи вақт нишондодашуда гузаронда мешаванд, дар сурати набудани штампи вақт санҷиш дар сана ва вақти ҷорӣ гузаронда мешавад.
25. Дар натиҷаи санҷиши маълумоти тарафи сеюми бовариноки ирсолкунанда, тарафи сеюми бовариноки қабулкунанда маълумотеро ташкил медиҳад, ки бо имзои электронӣ, бо истифода аз алгоритмҳои криптографӣ ва воситаҳои имзои электронӣ тибқи қонунгузории давлати тарафи қабулкунандаи ҳуҷҷати электронӣ сохта шудааст, имзо карда мешавад.
26. Талабот ба сохтори иттилоот дар шартнома (созишнома), ки аз ҷониби шахсони сеюми боэътимод баста мешавад, муайян карда мешавад.
27. Тарафи сеюми бовариноки қабулкунанда ба қабулкунанда тибқи шартнома (созишнома)-и байни онҳо маълумот медиҳад.
3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
28. Барои риоя накардани муқаррароти Тартиби мазкур шахсони масъул тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.