ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2023, №244
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дар банди 23 замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2023, № 244 «Дар бораи Барномаи миллии рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» рақамҳои «3 миллиону 930», «3 миллиону 445» ва «485» мувофиқан ба рақамҳои «12 миллиону 090», «11 миллиону 445» ва «645» иваз карда шаванд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 ноябри соли 2024, № 623
...