ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2025-2027 Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2025-2027 Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
- Вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ доранд, дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашудаанд, оид ба корҳои анҷомдодашуда ҳар сол то 1 январ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2025-2027 Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030-ро таъмин намуда, оид ба рафти иҷрои он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 ноябри соли 2024, № 612
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О Среднесрочном плане действий на 2025-2027 годы Стратегии изучения и развития математических, точных и естественных предметов в сфере образования и науки на период до 2030 года
В соответствии со статьей 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Утвердить Среднесрочный план действий на 2025-2027 годы Стратегии изучения и развития математических, точных и естественных предметов в сфере образования и науки на период до 2030 года.
2. Министерствам и ведомствам, имеющим в своей структуре образовательные и научные учреждения, в рамках предусмотренных средств государственного бюджета и других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан, ежегодно до 1 января представлять информацию о выполненных работах в Министерство образования и науки Республики Таджикистан.
3. Министерству образования и науки Республики Таджикистан обеспечить выполнение Среднесрочного плана действий на 2025-2027 годы Стратегии изучения и развития математических, точных и естественных предметов в сфере образования и науки на период до 2030 года и ежегодно до 1 февраля о ходе его реализации представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан.
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 29 ноября 2024 года №612
Приложение