ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2024, № 95
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Тартиби расондани хизматҳои иҷтимоии музднок дар хадамоти иҷтимоии давлатӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2024, № 95 «Дар бораи Тартиби расондани хизматҳои иҷтимоии музднок дар хадамоти иҷтимоии давлатӣ» тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- банди 91 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«91. Пардохти маблағи хизматрасониҳои иҷтимоии музднок, ки дар Тартиби мазкур пешбинӣ шудаанд, тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешавад.»;
- ба банди 23 пас аз калимаи «ҳуҷҷати» калимаи «электронии» илова карда шавад;
- сархати чоруми банди 29 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ба истифодабарандагон оид ба пардохт гардидани маблағ маълумот пешниҳод намоянд.».
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 октябри соли 2024, № 577
...