Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2024, № 574 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, № 188"

Санаи амалкуни: 30.10.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР 

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, № 188

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, №188 «Дар бораи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- ба банди 24 пас аз калимаи «бояд» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;

- банди 26 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«26. Қабули маблағҳо барои хизматрасониҳо тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва воситаҳои дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад.»;

- ба банди 27 ҷумлаи якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Маблағи барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохтшуда тариқи ғайринақдӣ баргардонида мешаванд.»;

ба банди 32 пас аз калимаи «меҳнат» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;

ба банди 131 пас аз калимаҳои «махсуси Марказ» калимаҳои «тариқи ғайринакдӣ» илова карда шаванд.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


 ш. Душанбе, аз 30 октябри соли 2024, № 574

 

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменения и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 29 апреля 2023 года №188

 В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Внести в Порядок проведения централизованных вступительных экзаменов в образовательные учреждения среднего и высшего профессионального образования Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 29 апреля 2023 года, №188 «О Порядке проведения централизованных вступительных экзаменов в образовательные учреждения среднего и высшего профессионального образования Республики Таджикистан», следующие изменение и дополнения:

- пункт 24 после слова «плату» дополнить словами «в безналичной форме»;

- пункт 26 изложить в следующей редакции:

«26. Приём средств за услуги осуществляется в безналичной форме посредством кредитно-финансовых организаций и иных средств приема безналичных платежей.»;

- дополнить пункт 27 первым предложением следующего содержания:

«Сумма, уплаченная за услуги в централизованных вступительных экзаменах, возвращается в безналичной форме.»;

- пункт 32 после слова «плата» дополнить словами «в безналичной форме»;

- пункт 131 после слова «осуществляется» дополнить словами «в безналичной форме».

Председатель Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон 

 

г.Душанбе от 30 октября 2024 года №574