Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2024, № 567 "Дар бораи сметаи хароҷоти нигоҳдории намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон"

Санаи амалкуни: 01.09.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

қарори мазкур аз 1 сентябри соли 2024 мавриди амал қарор дода шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи сметаи хароҷоти нигоҳдории намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон

 Мутобиқи моддаи 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Сметаи хароҷоти нигоҳдории намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории саривақтии хароҷоти нигоҳдории намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистонро аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои фаъолияти сиёсати беруна пешбинигардида ва назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин намояд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2017, № 429 «Дар бораи масъалаҳои намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Ашқободи Туркманистон» аз эътибор соқит дониста шавад.

4. Қарори мазкур аз 1 сентябри соли 2024 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 октябри соли 2024, № 567


...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О смете расходов на содержание представителей Республики Таджикистан в Исполнительном комитете Международного фонда спасения Арала в городе Астана Республики Казахстан

В соответствии со статьей 21 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» и статьей 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить смету расходов на содержание представителей Республики Таджикистан в Исполнительном комитете Международного фонда спасения Арала в городе Астана Республики Казахстан (прилагается).

2. Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить своевременное финансирование расходов на содержание представителей Республики Таджикистан в Исполнительном комитете Международного фонда спасения Арала в городе Астана Республики Казахстан за счет средств, предусмотренных в республиканском бюджете на внешнеполитическую деятельность и контроль за целевым использованием выделяемых средств.

3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 15 сентября 2017 года, №429 «О вопросах представителей Республики Таджикистан в Исполнительном комитете Международного фонда спасения Арала в городе Ашхабад Туркменистана».

4. Настоящее постановление ввести в действие с 1 сентября 2024 года.

Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 30 октября 2024 года №567
Приложение
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от 30 октября 2024 года №567
...