Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2017 № 429 "Дар бораи масъалаҳои намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Ашқободи Туркманистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд


аз 1 сентябри соли 2024 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 567 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи масъалаҳои намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Ашқободи Туркманистон

Мутобиқи моддаи 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Сметаи хароҷоти нигоҳдории намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Ашқободи Туркманистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории саривақтии хароҷоти нигаҳдории намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Ашқободи Туркманистон аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои фаъолияти сиёсати берунӣ пешбинигардида ва назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошавандаро таъмин намояд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014, № 1 "Дар бораи масъалаҳои намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии ӯзбекистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 15 сентябри соли 2017 № 429

ш.Душанбе

 

Замима

 

Утратил силу с 1 сентября 2024 года в редакции пост. Правительства РТ от 30.10.2024 №567

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О вопросах представителей Республики Таджикистан в Исполнительном комитете Международного фонда спасения Арала в городе Ашхабад Туркменистана

В соответствии со статьей 21 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить смету расходов на содержание представителей Республики Таджикистан в Исполнительном комитете Международного фонда спасения Арала в городе Ашхабад Туркменистана (прилагается).

2. Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить своевременное финансирование расходов на содержание представителей Республики Таджикистан в Исполнительном комитете Международного фонда спасения Арала в городе Ашхабад Туркменистана за счет средств, предусмотренных в республиканском бюджете на внешнеполитическую деятельность, и контроль за целевым использованием выделяемых средств.

3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 января 2014 года, №1 "О вопросах представителей Республики Таджикистан в Исполнительном комитете Международного фонда спасения Арала в городе Ташкент Республики Узбекистан".

Председатель

Правительства Pecny6лики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 15 сентября 2017 года, №429

*Смета расходов