бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2024,
№ 1396тасдиқ шудааст
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 июли соли 2024, № 435
СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ШИРКАТИ «СИПАР ГРУПП ЛИМИТЕД» ОИД БА ТАШКИЛИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ МОШИНҲОИ ЗАМОНАВИИ ЗИРЕҲПӮШ ВА ТАҶҲИЗОТИ МАХСУС ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Сипар Групп Лимитед» (минбаъд - Тарафҳо) оид ба ташкили корхонаи истеҳсоли мошинҳои замонавии зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус (минбаъд Созишнома) бо мазмуни зерин ба имзо расонида шудааст:
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд «Ҳукумат») дар шахсияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд «мақоми ваколатдори давлатӣ»);
ва
Ширкати «Сипар Групп Лимитед», шахси ҳуқуқие, ки дар Маркази байналмилалии корпоративии «Рас-эль-Хайма», Амороти Муттаҳидаи Араб, ба қайд гирифта шудааст (минбаъд - «Сармоягузор»);
- бо дарназардошти муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишнома сармоягузорӣ», инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо эътирофи он, ки низоми имтиёзҳо ва кафолатҳои пешниҳодшуда воридшавии сармоягузориҳои хориҷӣ ва ҷалби сармояи мустақими дохилиро ҳавасманд мегардонад;
- бо назардошти он, ки тартиби мусоидтарини умумихалқие, ки дар Созишномаи сармоягузории мазкур ба вуҷуд оварда шудааст, ба ҷорӣ намудани ихтироот ва навовариҳои пешқадам дар соҳаи техникаи автомобилӣ, ки самараи баланди истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ дорад, мусоидат мекунад;
- бо эътирофи он, ки навигариҳои инноватсионӣ дар соҳаи истеҳсоли автомобилҳои махсус, техника ва технологияҳои замонавӣ ҷорӣ кардашуда барои инкишофи комёбиҳои назаррас дар соҳаи илм ва пешрафти ҷамъият мусоидат намуда, инчунин намунаи истифодабарии усулҳои пешрафтаи идоракунии истеҳсолот мебошанд;
- бо мақсади пешбурди фаъолияти муштарак ва дар ин замина таҳия ва татбиқи истеҳсолоти технологӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, инчунин таъсиси ҷойҳои нави кори доимӣ;
- бо дарназардошти он, ки ташкили корхонаи истеҳсоли таҷхизоти махсус дар роҳи иҷрои мақсади муҳими стратегӣ — саноатикунонии босуръати ҷумҳури яке аз қадамҳои муҳим хоҳад буд;
- бо мақсади мусоидати муштарак баҳри татбиқи бомуваффақияти лоиҳаи сармоягузорӣ ва таҳкими муносибатҳои сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб;
- тибқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» дар ҳолати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, ки боиси бадшавии шартҳои амалисозии фаъолияти сармоягузорӣ мегарданд, сармоягузороне, ки сармоягузории дарозмуҳлат анҷом медиҳанд, дар давоми даҳ сол аз рӯзи мавриди амал қарор дода шудани ин қонунҳо барои интихоби шароити барои онҳо мусоид ҳуқуқ доранд;
- бо мақсади вусъати ҳамкориҳои байни ҷонибҳо ва дар ин замина баланд бардоштани иқтидори содиротии Тоҷикистон, афзоиши воридоти технологияҳои муосир ва сармоягузории мустақими хориҷӣ ба объектҳои муҳими иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ба мувофиқаи зерин расиданд:
МОДДАИ 1. МАФҲУМҲО ВА ТАФСИР
Дар Созишномаи сармоягузории мазкур (бо шумули қисми эъломиявӣ) истилоҳоту ибораҳои зерин, ба истиснои ҳолатҳое, ки аз матни он маънои дигар барнаояд, маънои зайл доранд:
- созишномаи сармоягузорӣ - маънои созишномаи сармоягузории мазкурро дар якҷоягӣ бо дебочаҳо, замимаҳо, иловаҳо ва ҷадвалҳои он дорад;
- қонунгузории амалкунанда – ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иҷозатнома - маънои ҳама гуна ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ, иҷозатномаҳо, санадҳо, мувофиқаҳо, маъқул донистан, ваколатномаҳои тасдиқ, шаҳодатномаҳои бақайдгирӣ, сертификатҳо, огоҳномаҳо, радномаҳо, имтиёзҳо, иҷозатнома барои даст кашидан аз меъёрҳои мавҷуда, раводид, барасмиятдарорӣ, ҷудокунӣ ва ҳуқуқи гузаштан ва интиқол доданро дорад, ки тибқи қонунгузории амалкунанда зарур мебошанд, дорад;
- мақоми ваколатдори давлатӣ - маънои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;
- ширкати «Сипар Групп Лимитед» - маънои ширкати муассиси сармоягузорро дорад, ки саридораи он дар Маркази Корпоративии Байналмилалии RAK, ошёнаи 8, Рас Ал-Хайма, Амороти Муттаҳидаи Араб ҷойгир мебошад;
- санаи эътибор пайдо кардан - санаи интишор гардидани қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи созишномаи сармоягузории мазкур мебошад;
- кормандони хориҷӣ – ҳайати кормандони хориҷии сатҳи идоракунанда ва ҳайати техникии сармоягузор, ки тибқи эҳтиёҷот ва дар асоси қонунгузории амалкунанда барои татбиқи лоиҳа ҷалб карда мешаванд;
- ҳолатҳои рафънопазир – ҳолатҳое, ки аз идораи Тарафҳо вобаста намебошад, бо шумули буҳрони иқтисодӣ, ҳолатҳои фавқулода, офатҳои табиӣ, ба амсоли заминҷунбӣ, фаъолияти вулконӣ, обхезӣ, сӯхтор ва тӯфони сахт, ҷангҳо, исён, инқилоб, амалиётҳои низоми ва таҳдиди бевоситаи ҳуҷум, ки метавонанд ба татбиқи лоиҳа таъсир расонанд;
- асосноккунии техникию иқтисодӣ - ҳуҷҷате мебошад, ки он бояд тамоми ҷанбаҳои дорои аҳамияти муҳим барои татбиқи лоиҳаро, бо дарназардошти меъёрҳои ҳатмии қонунгузории амалкунанда дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, хӯрокворӣ ва бехатарии саноатӣ дар бар гирифта, мутобиқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ тартиб дода шавад;
- сармоягузор - маънои ширкати «Сипар Групп Лимитед» дар якҷоягӣ бо ҳама гуна ширкатҳои фаръи, филиалҳо, саҳмдорон ва корхонаҳои муштараки онро дорад;
- тарафҳо - маънои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Сипар Групп Лимитед», инчунин ҳар шахси дигарро, ки мувофиқи шартҳои он тарафи созишномаи сармоягузории мазкур мегардад, ифода мекунад ва мафҳуми «Тараф» яке аз онҳоро ифода менамояд;
- корхона - маънои корхонаи истеҳсоли мошинҳои замонавии зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсусро дорад;
- лоиҳа - ташкили марҳила ба марҳилаи корхонаи истеҳсолӣ оид ба ҷамъоварии мошинҳои зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсуси автомобилӣ дар ҳудуди шаҳри Турсунзода, Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин лоиҳакашӣ, сохтмон, ба кор андохтан ва истифода бурдани иншооти саноатии истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсусро дар назар дорад, ки қарор дар бораи он тарафҳо дар марҳилаи баъдӣ қабул хоҳанд кард;
- ширкати лоиҳавӣ - маънои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сипар Груп», ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки ба воситаи он сармоягузор татбиқи лоиҳаро дар шаҳри Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад;
- қитъаи лоиҳавӣ - маънои қитъаи заминро дорад, ки бо мақсади татбиқи лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармоягузор ҷудо карда мешавад, барои татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа, тавре ки дар моддаи 2 созишномаи сармоягузории мазкур пешбинӣ шудааст, ки ҷои он аз ҷониби тарафҳо дар марҳилаи дер муайян карда мешавад, дорад;
- мақомотҳои давлатӣ - маънои ҳама гуна вазорат, идора, кумита, агентӣ, Ҳукумат, инчунин ҳама гуна мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, қонунгузорӣ ё судӣ, инчунин воҳидҳои муассисаҳои дар боло номбаршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад.
- минтақаи озоди иқтисодӣ - маънои минтақаи озоди иқтисодиро ҳамчун қитъаи алоҳидаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, ки дар он шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси ҳуқуқӣ барои амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда мешавад.
1. Агар аз матн маънои дигар барнаояд, ишора ба банди муайян ё замима ба сифати ишора ба чунин банд ё замимаи созишномаи сармоягузории мазкур шарҳ дода мешавад. Замимаҳо ба созишномаи сармоягузории мазкур қисми ҷудонашавандаи он мебошанд.
2. Агар аз матн маънои дигар барнаояд, ишора ба созишномаи сармоягузории мазкур, санадҳои қонунгузорӣ, дастурамал, қоида ё дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳама гуна қонунгузории амалкунанда ҳамчун ишора ба чунин созишномаи сармоягузории мазкур, санадҳои қонунгузорӣ, дастурамал, қоида ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳама гуна қонунгузории амалкунанда, бо дарназардошти тасҳеҳу тағйироти ҷузъӣ, вариатсияҳо, иловаҳо, тағйирот, гузашт карданҳо, навгониҳо ё қабул дар таҳрири такрорӣ дар лаҳзаи дахлдор шарҳу эзоҳ дода мешавад.
3. Сарлавҳаҳо маҳз барои истифодабарии муносиб ворид карда шуда, ба шарҳу эзоҳи созишномаи сармоягузории мазкур таъсир намерасонанд.
4. Агар аз матн маънои дигар барнаояд, калимаҳои шумораи танҳоро ифодакунанда инчунин дар шакли ҷамъ ва баръакс фаҳмида мешаванд.
МОДДАИ 2. ЛОИҲА
Сармоягузор нияти татбиқи Лоиҳаи сармоягузориро (минбаъд –«Лоиҳа») дошта, барои ин мақсад захираҳои молиявӣ, технологӣ, кадрӣ ва ғайраро ҷудо мекунад ва Ҳукумат розӣ мешавад, ки низоми махсуси ҳуқуқӣ, аз ҷумла низоми махсуси андозӣ ва гумрукиро барои татбиқи Лоиҳа, ки моҳиятан иборат аст аз:
марҳилаи 1 - ташкил ва роҳандозии хатти истеҳсолии корхона (минбаъд «корхона») оид ба ҷамъоварии мошинҳои зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус (минбаъд - «маҳсулот») дар ҳудуди шаҳри Турсунзода, Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муҳлати татбиқи марҳилаи аввали лоиҳа 6 (шаш) моҳро ташкил медиҳад, ки арзиши сармоягузорӣ барои татбиқи ин марҳила 5 (панҷ) миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад;
марҳилаи 2 - бо шарти татбиқи бомуваффақияти марҳилаи 1 тарҳрезӣ, сохтмон, васл ва ба кор андохтани иқтидорҳои асосии истеҳсолӣ дар қитъае, ки аз ҷониби Ҳукумат дода мешавад ва ҷойгоҳаш аз ҷониби Тарафҳо минбаъд бо мақсади зиёд намудани миқдор, модел ва навъҳои маҳсулоти истеҳсолшуда, инчунин афзун намудани иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, пешбинӣ карда мешавад. Муҳлати татбиқи ин марҳилаи лоиҳа 5 (панҷ) солро дар бар мегирад ва ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 10 (даҳ) миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
МОДДАИ 3. САРМОЯГУЗОРӢ
1. Тарафҳо ба мувофиқа меоянд, ки Сармоягузор дорои ҳуқуқи маблағгузории Лоиҳаро тавассути сармоягузори намудан ба сармояи оинномавӣ ё қарзҳои ширкати лоиҳавӣ ва ё тавассути муттаҳидкунии ин ду усул мебошад.
2. Иловатан ба уҳдадории умумӣ оид ба пешниҳод намудани маълумоти оморие, ки ширкати лоиҳавӣ дорад, Сармоягузор тибқи қонунгузории амалкунанда вазифадор аст, ки ба воситаи ширкати лоиҳавӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисоботи семоҳаро оид ба татбиқи Лоиҳа, аз он ҷумла бо қайди маблағи сармоягузориҳо барои мақсадҳои Лоиҳа воридкардашуда дар муддати 30 (си) рӯз аз санаи анҷоми семоҳаи ҳисоботӣ пешниҳод намояд.
МОДДАИ 4. АСОСНОККУНИИ ТЕХНИКИЮ ИҚТИСОДӢ
1. Асосноккунии техникию иқтисодӣ бояд тамоми паҳлуҳои техникӣ (истеҳсолӣ), экологӣ ва иқтисодии (тиҷоратии) татбиқи Лоиҳаро дар бар гирад. Барои таҳияи асосноккунии техникию иктисодӣ Сармоягузор метавонад мутахассисону коршиносони маҳаллӣ ва байналмилалиро ҷалб намояд.
2. Дар давоми 180 (як саду ҳаштод) рӯз аз санаи эътибор пайдо намудани Созишномаи сармоягузории мазкур Сармоягузор бояд асосноккунии техникии иқтисодиро омода намуда, як нусхаи онро ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намояд.
МОДДАИ 5. ШИРКАТИ ЛОИҲАВӢ
1. Сармоягузор тасмим гирифт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқиро бо 100 фоизи ҳиссаи Сармоягузор дар сармояи оинномавӣ таъсис диҳад, ки вазифаи ширкати лоиҳавиро иҷро мекунад. Ширкати лоиҳавӣ (ҶДММ «Сипар Груп») дар санаи имзои Созишномаи сармоягузории мазкур ҳамчун резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дахлдор таъсис ва ба қайд гирифта шудааст.
2. Сармоягузор ҳуқуқ дорад сохтори муассисони ширкати лоиҳавиро тағйир диҳад, дар ҷараёни татбиқи Лоиҳа, аз ҷумла бидуни маҳдудият ҳуқуқ дорад сармоягузорони дигарро барои таъсис ва/ё сармоягузорӣ ба ширкати лоиҳавӣ ҷалб кунад.
МОДДАИ 6. ҚИТЪАИ ЛОИҲАВӢ
1. Дар марҳилаи 1 қитъаи лоиҳавӣ, ки дар он фаъолият оид ба ҷамъоварии мошинҳои зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус амалӣ карда мешавад, бинои алоҳида ва иншооти ба он наздикбуда дар ҳудуди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» хоҳад буд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкати лоиҳавӣ ҳуқуқи истифодаи муваққатии ройгони биноҳо ва иншоотро, ки дар ҳудуди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ҷойгиранд, таъмин менамояд.
2. Дар марҳилаи 2 ҳангоми иҷрои Лоиҳа Тарафҳо макони қитъаи лоиҳавиро мувофиқи параметрҳо ва хусусиятҳои дар нақшаи Лоиҳа пешбинишуда муайян мекунанд. Қитъаи лоиҳавӣ аз ҷониби ширкати лоиҳавӣ дар асоси созишнома бо мақомоти дахлдори маъмурӣ ба иҷора гирифта мешавад. Истифодаи қитъаи лоиҳавӣ метавонад тавассути иҷораи молумулки ғайриманқул, ки ба тамоми системаҳои зарурии таъминоти муҳандисӣ дастрасӣ дорад ва қитъаи замин, ки андозаи он барои ҷойгиркунии корхона дар доираи Лоиҳа кифоя аст, амалӣ карда шавад.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ уҳдадор аст, ки ба Сармоягузор ҳуҷҷатҳои расмии аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ додашударо пешниҳод намояд, ки онҳоро тасдиқ намоянд:
- воқеият ва қонунияти ҳуқуқи истифодаи муваққатии бепул аз объекти амволи ғайриманқул, ки дар ҳудуди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ҷойгир аст;
- эътибор ва қонунияти ҳуқуқи моликияти объекти молумулки ғайриманқул ва қитъаи замини иҷора, ки ба Сармоягузор дода мешавад;
- вуҷуд надоштани ҳеҷ гуна даъвоҳо аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қитъаи лоиҳавӣ, дар сурати татбиқи марҳилаи дуюм дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- истисно кардани манъкунӣ нисбати истеҳсоли маҳсулоти зераксизи дар ҳудуди МОИ ва истифодаи низоми имтиёзноки андозбандӣ дар ҳолати татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа дар ҳудуди МОИ.
4. Дар мавриди ҷудо кардани қитъаи замин барои қитъаи лоиҳавӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ бояд дар барасмиятдарории қарорҳои зарурӣ (шартномаи иҷораи қитъаи замин) ва ё додани шаҳодатнома/сертификатҳо аз тарафи Ҳукумат ва ё мақомоти давлатии дахлдор мусоидат намояд.
5. Мақоми ваколатдори давлатӣ бояд дар амалӣ намудани тамоми намудҳои фаъолияте, ки ба бақайдгирии давлатии ҳуқуқҳои молумулкии ширкати лоиҳавӣ нисбат ба қитъаи лоиҳавӣ мансубанд, аз чумла бе маҳдудият, ба воситаи додани тамоми ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ, ки мутобиқи қонунгузории амалкунанда заруранд, кумаки худро расонад.
МОДДАИ 7. ИҶОЗАТҲО
1. Ҳукумат мустақилона ё тавассути мақомоти ваколатдори давлатӣ бояд ба Сармоягузор мӯҳлати амали ҳамаи иҷозатномаҳои дорои аҳаммияти муҳим ва/ё дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунандаро барои истифодаи корхона ва/ё лоиҳа, дар марҳилаи татбиқи марҳилаи I, инчунин дар марҳилаи II лоиҳа бидуни маҳдудият, яъне:
- ҳуҷҷатҳои дахлдор дар бораи бақайдгирии ҳуқуқи моликият ба қитъаи лоиҳавӣ, додани шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодабарии замин, ҳуқуқи моликият, ҳуқуқҳои дигари молумулкӣ, ҳуқуқи истифодабарии хатти қитъаи ҷудошуда, ки барои лоиҳа муносибат дорад ё зарур мебошад, инчунин ҳама гуна ҳуҷҷатҳои дигаре, ки бе истисно ҳуқуқро нисбати қитъаи лоиҳавӣ, корхона ва ё лоиҳа тасдиқ менамоянд;
- иҷозатномаҳо оид ба содирот\воридоти молҳои зераксизӣ бо\дар ҳудуди(ои) МОИ ва истифодаи бечуну чарои низоми имтиёзноки андоз дар ҳолати татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа дар ҳудуди МОИ;
- иҷозатномаҳо барои азнавсозӣ ё сохтмони корхона;
- иҷозатномаҳо барои воридоти таҷҳизот, мавод ва молумулки дигари зарурӣ барои Лоиҳа, корхона ва ширкати лоиҳавӣ;
- иҷозатномаҳо барои дастрасӣ ба об, дренаж ва пайвастшавӣ ба барқ, пармакунии чоҳҳои чуқур, насби таҷҳизоти иловагии барқӣ, аз ҷумла трансформаторҳо ва кабелҳои барқӣ, сохтмони истгоҳҳои тозакунии об ва қубурҳо;
- мувофиқа ва хулосаи мақомоти бехатарии сӯхтор, хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ ва экспертизаи экологӣ;
- иҷозат ва хулосаи мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ оид ба асосноккунии техникию иқтисодӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари лоиҳавию техникӣ (дар ҳолати зарурӣ);
- мусоидат дар бақайдгирии тамғаҳои молӣ, намудҳои саноатӣ ва ҳуқуқҳои дигари моликияти зеҳнӣ бо тартиби муқарраршуда барои татбиқи лоиҳа (дар ҳолати зарурӣ);
- иҷозатнома барои ҷалби қувваҳои кории хориҷӣ, иҷозатномаи кор ва истиқомати муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ, раводиди вуруд, раводиди корӣ.
2. Ҳукумат тибқи қонунгузории амалкунанда кафолат медиҳад, ки додани иҷозатнома, аз нав додани иҷозатнома, иваз ва тамдиди ҳамаи иҷозатномаҳо зуд ва бидуни таъхир сурат мегирад.
МОДДАИ 8. МУБОДИЛАИ АСЪОР ВА АМАЛИЕТИ БОНКӢ
1. Дар робита ба татбиқи Лоиҳа ширкати лоиҳавӣ ҳуқуқ дорад пардохтҳоро бо асъори хориҷӣ ба паймонкори хориҷӣ ва ё қарздиҳандагон анҷом диҳад, даромади Сармоягузорро бо асъори хориҷӣ ба хориҷи кишвар интиқол диҳад, дар робита ба татбиқи Лоиҳа озодона асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо асъор дигар мубодила намояд ва Ҳукумат бояд ба Сармоягузор, ширкати лоиҳавӣ ва ё тарафҳои манфиатдор тамоми кумакҳои зарурии оқилонаеро, ки аз ҷониби Сармоягузор ҷиҳати гирифтани иҷозатномаҳои ба лоиҳа алоқаманд вобаста бо асъор ва мубодилаи он дархост карда мешавад, аз мақомоти давлатӣ, аз он ҷумла аз Бонки миллии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расонад.
2. Ба шарти риояи муқаррароти қонунгузории амалкунанда Сармоягузор ҳуқуқ дорад дар бонкҳои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисоби бонкӣ дар робита ба маблағгузории Лоиҳа ба номи худ ва ё ширкати лоиҳавӣ кушояд. Сармоягузор дар доираи қонунгузории амалкунанда ҳуқуқи кушодани суратҳисобҳои бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи ширкати лоиҳавӣ дорад ва ширкати лоиҳавӣ метавонад тамоми муомилотро вобаста ба хароҷот бо асъори миллӣ ба воситаи чунин суратҳисобҳо анҷом диҳад.
МОДДАИ 9. НИЗОМИ АНДОЗӢ ВА ГУМРУКӢ
1. Бо дарназардошти ҳаҷми сармоягузорӣ, таҷҳизот, техника ва технологияҳои дар доираи лоиҳа ҷалбшуда, ширкати лоиҳавӣ дар давоми 5 (панҷ) сол аз пардохти андозҳои зерин пурра озод карда мешавад:
- андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ (аз ҷумла андоз аз рӯйи низоми содакардашуда);
- андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми фурӯши маҳсулоти истеҳсолкардаи ширкати лоиҳавӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- андоз аз суди саҳмия;
- андоз аз воситаҳои нақлиёт.
2. Мутахассисони хориҷии ширкати лоиҳавӣ барои 5 (панҷ) сол аз пардохти 50 фоизи андоз аз даромад, инчунин пурра аз пардохтҳои ҳатмӣ озод карда мешаванд. Молу мулки шахсӣ, аз ҷумла таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёти мутахассисони хориҷии Сармоягузор, ки дар доираи татбиқи лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз пардохтҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.
3. Воридоти молҳо ва ашёи хоми бевосита барои амалигардонии Лоиҳа пешбинигардида, инчунин техника, воситаҳои истеҳсоли технологӣ, таҷҳизоти ёрирасон ва ҷузъҳои онҳо аз андози иловашуда ва боҷи гумрукӣ барои 5 (панҷ) сол мутобиқи муқаррароти қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешавад.
4. Саҳмҳо ба сармояи оинномавии Сармоягузор (маблағҳои пулӣ, молу мулк, ҳуқуқҳои дигари молумулкӣ) барои мақсадҳои андозбандӣ аз даромади шахси ҳуқуқӣ ва суди саҳмия даромад ҳисобида намешаванд.
5. Дар сурати бо шартҳои имтиёзнок гирифтани ҳама гуна қарзҳо, фарқи байни фоизи имтиёзнок ва фоизи бозор, инчунин даромади муассисони Сармоягузор аз фурӯш ё додани саҳмия дар сармояи оинномавии Сармоягузор бо мақсади андоз аз даромад ва андоз аз суди саҳмия ҳамчун даромад баррасӣ карда намешавад.
6. Тағйиру иловаҳо ба қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пас аз имзои Созишномаи сармоягузории мазкур қабул гардидаанд ва вазъи татбиқи лоиҳаро бадтар мекунанд, нисбат ба Сармоягузор дар муҳлати амали Созишномаи сармоягузории мазкур татбиқ намегарданд.
7. Агар Сармоягузор тартиби дигаре нахоҳад, муҳлати имтиёзҳои дар моддаи мазкур зикршуда худ аз худ ба ҳамон муҳлат тамдид карда мешавад. Барои тамдиди муҳлати чунин имтиёзҳо, ҳеҷ гуна расмиёт, аз ҷумла имзои созишномаҳои иловагӣ ба созишномаи сармоягузорӣ талаб карда намешавад.
МОДДАИ 10. КИРО НАМУДАН ВА ТАЪЛИМИ КОРГАРОН
1. Сармоягузор бояд кӯшиш кунад, ки шумораи ҳадди аксари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои кор дар як ширкати лоиҳавӣ ба кор гирад, ба шарте ки чунин кормандон таҷриба, тахассус ва малакаҳои мувофиқро барои мансабе дошта бошанд. Сармоягузор уҳдадор аст, ки ҳангоми татбиқи марҳилаҳои 1 ва 2 лоиҳа на камтар аз 70% (ҳафтод фоиз) кормандони ширкати лоиҳавӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.
2. Сармоягузор уҳдадор аст, ки сатҳи тахассуси кормандони маҳаллиро бо роҳи даъвати мутахассисони хориҷӣ ба истеҳсолот барои гузаронидани курсҳои таълимӣ, равон кардани кормандони маҳаллӣ ба семинару тренингҳо, курсҳои таълимӣ, курсҳои баланд бардоштани тахассус ҳам дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам берун аз он такмил диҳад.
МОДДАИ 11. ҲУҚУҚҲОИ МОЛИКИЯТ ВА ҲУҚУҚҲОИ ДИГАРИ МОЛУ МУЛКӢ
1. Агар дар Созишномаи сармоягузории мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, ширкати лоиҳавӣ ҳуқуқи пурраи соҳибмулкӣ нисбат ба корхона, таҷҳизот, техника, воситаҳои наклиёт, дигар молу мулки воридгардида ва/ё дар рафти татбиқи Лоиҳа ташкил додашударо дорад.
2. Ширкати лоиҳавӣ ҳуқуқи озодона ихтиёрдорӣ намудани тамоми молу мулки дарихтиёрдоштаи ширкати лоиҳавиро дорад, агар ин молу мулк барои Лоиҳа дигар зарур набошад.
3. Сармоягузор ва/ё ширкати лоиҳавӣ метавонад молу мулки худро, аз он ҷумла бо мақсади ҷалб кардани сармоягузориҳо барои Лоиҳа дар шакли қарзҳои аз ҷониби тарафҳои сеюм додашаванда ба гарав гузорад ё ба тариқи дигар иваз кунад.
4. Ширкати лоиҳавӣ метавонад тибқи қонунгузории амалкунанда даромади дар рафти татбиқи Лоиҳа бадастомадаро ба Сармоягузор интиқол диҳад.
МОДДАИ 12. СЕРТИФИКАТСИЯИ МАҲСУЛОТ, ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА САЛОМАТӢ
1. Сармоягузор уҳдадор аст, ки тамоми маҳсулотро бо сертификати пешбининамудаи қонунгузории амалкунанда ба ин навъи мол таъмин намояд. Ҳукумат тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда ҷиҳати сари вақт гирифтани сертификат барои маҳсулот аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии дахлдор кафолат медиҳад.
2. Сармоягузор кафолат медихад, ки ширкати лоиҳавӣ, пудратчиён ва зерпудратчиён тамоми меъёрҳои қонунгузории амалкунандаро оид ба ҳифзи муҳити зист риоя менамоянд ва лоиҳаро тавре амалӣ менамоянд, ки:
- эҳтимолияти расонидани зарари экологӣ ба муҳити зист ҳарчи камтар гардад;
- партовҳои истеҳсолӣ ба таври бехатар ва босамар дар корхона нест карда шаванд.
3. Сармоягузор уҳдадор аст, ки аз тарафи ширкати лоиҳавӣ, пудратчиён ва зерпудартчиён риояи қоидаҳои ҳифзи саломатӣ, ки қонунгузории амалкунанда дар ҳолати сохтмон ва истифодаи корхона пешбинӣ намудааст, таъмин карда шаванд. Сармоягузор инчунин уҳдадор аст, ки аз тарафи ширкати лоиҳавӣ, паймонкорон ва паймонкорони фаръӣ риояи тамоми муқаррароти қонунгузории амалкунанда оид ба масъалаҳои меҳнат, тандурустӣ ва бехатарӣ таъмин карда шавад.
МОДДАИ 13. СУҒУРТА
1. Сармоягузор ва ширкати лоиҳавӣ ҳуқуқ доранд ҳама гуна шакли суғуртаро, ки тибқи қонунгузории амалкунанда пешбинӣ шудааст, дар ширкатҳои суғуртавии маҳаллӣ ё хориҷӣ бо шартҳои имтиёзнок ба расмият дароранд.
МОДДАИ 14. ҲИСОБОТ ВА БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБАВӢ
1. Сармоягузор пешбурд ва нигоҳдории пурраи дурусти ҳуҷҷатгузории муҳосибавӣ ва иттилоотро нисбат ба Лоиҳа дар идораи бақайдгирифташудаи ширкати лоиҳавӣ таъмин менамояд.
МОДДАИ 15. УҲДАДОРИҲОИ УМУМИИ САРМОЯГУЗОР
1. Сармоягузор уҳдадор аст:
- Лоиҳаро тибки таҷрибаи пешқадаме, ки Сармоягузор дорад ва инчунин бо риояи қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла меъёрҳои ҳифзи муҳити зист ба амал барорад;
- тибқи Созишномаи сармоягузории мазкур нисбат ба Лоиҳа, аз ҷумла барои пешниҳоди маблағгузорӣ, техника, таҷҳизот, технология ва кормандон, ки ҷиҳати бомуваффақият ва сари вақт анҷом додани он лозим мебошад, масъулияти пурра дошта бошад;
- таъмин намояд, ки ширкати лоиҳавӣ ва тамоми кормандон ва мушовироне, ки дар доираи лоиҳа ҷалб карда мешаванд, қонунгузории амалкунандаро дар давраи татбиқи лоиҳа риоя намоянд.
2. Тарафҳо дарк менамоянд ва розӣ мебошанд, ки уҳдадориҳои дар боло зикркардашуда, инчунин дигар уҳдадориҳое, ки дар фаслҳои дигари Созишномаи сармоягузории мазкур қайд гардидаанд, тибқи қонунгузории амалкунанда илова ба уҳдадориҳои умуми Сармоягузор маҳсуб мешаванд.
МОДДАИ 16. КАФОЛАТҲОИ ИЛОВАГИИ БА САРМОЯГУЗОР ПЕШНИҲОДШАВАНДА
1. Бо мақсади татбиқи самарабахши созишномаи мазкур, Хукумат мустақиман ё ба воситаи мақоми ваколатдори давлатӣ уҳдадор мешавад:
- риояи пурраи муқаррароти Созишномаи сармоягузории мазкурро аз ҷониби тамоми мақомоти давлатие, ки барои амалӣ намудани Лоиҳа масъул мебошанд, таъмин намояд;
- мақомоти дахлдори давлатиро оид ба эътибор пайдо намудани Созишномаи сармоягузории мазкур огоҳ намояд;
- бо талаби Сармоягузор оид ба вазъи ҳуқуқии Созишномаи сармоягузории мазкур ва муқаррароти алоҳидаи он тасдиқи хаттӣ пешниҳод намояд.
2. Ҳукумат иловатан ба Сармоягузор ва ширкати лоиҳавӣ тасдиқ менамояд, ки:
- ҳимоя аз санадҳои Ҳукумат ё ҳама гуна мақомоти давлатӣ, ки ба паст кардани арзиши сармояи Сармоягузор равона шудаанд ва дар рафти татбиқи Лоиҳа қабул гардиданд, таъмин карда мешавад;
- манъ намудани мусодира ё милликунонии молу мулки Сармоягузор ва ширкати лоиҳавӣ, ба истиснои амалӣ кардани онҳо барои эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ бо пардохти ҳатмии ҷуброн дар ҳаҷм ва тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ таъмин мегардад;
- ҳуқуқ барои фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси қарордод, интихоби озоди шарикон ва мавзӯи қарордод, интихоби ҳуқуқи қобили татбиқ барои қарордод, мурофиаи судӣ ва ё арбитражии ҳалли баҳсҳо ё шаклҳои дигари ҳалли баҳсҳо ва мухолифатҳо барои тамоми қарордодҳо, муайянкунии озоди уҳдадориҳо, инчунин шартҳои дигари қарордодҳо муайян карда мешавад;
- ҳуқуқ барои гирифтан ва пешниҳод намудани қарзҳо, кафолатҳо, замонат ва намудҳои дигари таъминот аз бонкҳои дохилию хориҷӣ, инчунин барои суғуртакунӣ бо суғуртакунандагони дохилию хориҷӣ бо шартҳои имтиёзнок дода мешавад;
- ҳуқуқи сармоягузорӣ намудан ва такроран сармоягузорӣ кардани даромаде, ки дар доираи Лоиҳа ба даст омадааст, агар он барои татбиқи Лоиҳа зарур бошад, дода мемшавад.
3. Ҳукумат кафолат медиҳад, ки сармоягузор ва ё ширкати лоиҳавӣ ҳуқуқ доранд натиҷаҳои сармоягузории худ, аз ҷумла сармоягузориҳои такрорӣ ва амалиётҳои тиҷоратиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрдорӣ ва истифода намоянд, фоидаи худро дар ҳама гуна шакл, аз ҷумла дар шакли нақд, маҳсулот ва хизматрасонии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон харидоришуда интиқол намоянд.
4. Ҳуқумат ҳуқуқи Сармоягузорро оид ба мубодилаи озоди даромади фоидаи софи он бо ҳама гуна асъор кафолат медиҳад, аз он ҷумла:
- фоидае, ки дар натиҷаи фурӯши пурра ё қисмати ҳиссаи иштироки он дар ширкати лоиҳавӣ дар муддати амалӣ намудани лоиҳа ё пас аз анҷом ёфтани он, дар сурати барҳам хӯрдани лоиҳа ба даст омадааст;
- фоидаи дар натиҷаи бегона кардани молу мулк ё ҳуқуқҳои дар рафти амалӣ намудани лоиҳа таъсис ва ё бо тарзи дигар бадастомадаи сармоягузор ҳосил шудааст.
5. Ҳукумат ба он мусоидат мекунад, ки Сармоягузор озодона фоидаи худро ба асъори хориҷӣ табдил диҳад ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кунад.
6. Ҳукумат эътироф мекунад, ки ба ширкати лоиҳавӣ ва корхона дар таъмини истеҳсоли ашёи хом ҳам аз манбаъҳои дохилӣ ва ҳам берун аз кишвар мусоидат хоҳад кард.
7. Ҳукумат барои кумак ба Сармоягузор ва ё ширкати лоиҳавӣ саъйи оқилонае хоҳад кард, ки тибқи қонунгузории амалкунанда зарур ё мувофиқ аст аз Ҳукумат, инчунин мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ гирифтани иҷозатномаҳои лоиҳавӣ, замин, ки бо шаҳодатномаи оид ба ҳуқуқи истифодаи замин, иҷозати сохтмон, инчунин ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқҳоро бе истисно ба қитъаи лоиҳавӣ, корхона ва лоиҳа тасдиқ мекунанд.
8. Тибқи қонунгузории амалкунанда Ҳукумат дар ҳолати зарурӣ ба пудратчиён, муҳандисони Лоиҳа, муҳандисони мустақил ва ҳама гуна мутахассисони хориҷӣ ё кормандони Сармоягузор ва ё ширкати лоиҳавӣ раводидҳои дахлдор медиҳад, ки барои татбиқи лоиҳа заруранд.
9. Ҳукумат розӣ мебошад, ки ҳамаи сертификатҳои мутобиқатро, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии сертификатсия барои дастгоҳҳо ва молҳо дар асоси сертификатҳо бароварда шудаанд, эътироф ва қабул кунад ва ба бақайдгирии дастгоҳҳо ва молҳо ва таҷҳизоти дигар дар феҳристи дахлдори миллӣ иҷозат диҳад.
10. Бо дарназардошти он, ки нархи маҳсулот дар асоси талаботи бозор муайян карда мешавад, ширкати лоиҳавӣ аз қонунгузории амалкунанда ва санадҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки нархҳо ва тарифҳои маҳсулотро муқаррар мекунанд, дар сурати ҷорӣ намудани танзими давлатии нархҳо (тарифҳо) ба маҳсулоти Сармоягузор пурра озод карда мешавад.
МОДДАИ 17. ҲУҚУҚҲОИ МАХСУСИ ҲУКУМАТ
1. Илова ба ҳуқуқҳое, ки дар моддаҳои дигари Созишномаи сармоягузории мазкур пешбинӣ шудаанд, Ҳукумат мустақилона ё тавассути мақомоти ваколатдори давлатӣ амал карда, ҳуқуқ дорад:
- дархост намудани маълумот дар бораи рафти татбиқи Лоиҳа, инчунин ҳуҷҷатҳое, ки барои санҷиши риояи муқаррарот ва шартҳои Созишномаи сармоягузории мазкур заруранд;
- пешниҳод намудани тавсияҳо ва пешниҳодҳо ба Сармоягузор, ки ба баланд бардоштани самаранокии татбиқи Лоиҳа нигаронида шудаанд.
МОДДАИ 18. УҲДАДОРИҲОИ МУТАҚОБИЛАИ ТАРАФҲО
1. Ҳеҷ яке аз тарафҳо наметавонад бе розигии хаттии тарафи дигар ҳуқуқҳои худро дар доираи Созишномаи сармоягузории мазкур ба тарафи бегона гузашт кунад ё бо тарзи дигар пурра ё қисман вогузор намояд.
2. Тарафҳо дар ҳаҷми пурра дар доираи татбиқи Лоиҳа ҳамкорӣ намуда, барои ин мақсад тамоми захираҳои оқилонаи зарурии доштаи худро бо дарназардошти муқаррароти Созишномаи мазкур ва қонунгузории амалкунанда ҳамаҷониба истифода мебаранд.
МОДДАИ 19. УСТУВОРИИ МУҚАРРАРОТИ СОЗИШНОМА
1. Муқаррароти Созишномаи сармоягузории мазкур дар давоми муҳлати амали он, сарфи назар аз тағйиру иловаҳои минбаъда дар қонунгузории амалкунанда, эътибори худро нигоҳ медоранд.
2. Тағйиру иловаҳои ба қонунгузории амалкунанда пас аз санаи эътибори Созишномаи сармоягузории мазкур воридгардида ба имтиёзҳои дар Созишномаи сармоягузории мазкур пешбинигардида таъсир намерасонанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки тағйиру иловаҳо имтиёзҳои иловагиро пешбинӣ намоянд.
3. Ҳангоми сохтмон ва ба кор даровардани истеҳсолоти пешбининамудаи Лоиҳа то ба охир расидани муҳлати муқарраршуда, инчунин тағйир додани ҳаҷми сармоягузорӣ ё нишондиҳандаҳои иқтисодии лоиҳа, Созишномаи сармоягузории мазкур эътибори ҳуқуқии худро дар тӯли тамоми муҳлати амали он нигоҳ медорад, аз ҷумла имтиёзҳои махсуси андоз ва гумрукии дар Созишномаи сармоягузории мазкур муқарраршуда эътибор доранд.
4. Ҳукумат кафолат медиҳад, ки пас аз ба охир расидани муҳлат ё қатъ гардидани амали Созишномаи сармоягузории мазкур тибқи шартҳои дар он зикршуда Сармоягузор ва паймонкорон аз пардохти андозҳо, боҷҳо ва пардохтҳое, ки тибқи шартҳои Созишномаи сармоягузории мазкур ва қонунгузории амалкунанда озод карда шудаанд, талаб карда намешаванд.
МОДДАИ 20. ТАРТИБИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ
Ҳамаи тағйироти иловаҳои ба Созишномаи сармоягузории мазкур танҳо дар сурати аз ҷониби тарафҳо ба имзо расонида шудани ҳуҷҷати иловагии дахлдор тибқи қонунгузории амалкунанда эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.
МОДДАИ 21. ҲОЛАТҲОИ РАФЪНОПАЗИР (ФОРС - МАЖОР)
1. Дар сурати ба вуқуъ омадани ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки ба яке аз тарафҳо имконияти пурра ё қисман иҷро кардани уҳдадориҳои худро намедиҳад, муҳлати иҷрои уҳдадориҳо бояд то санаи дигари бо розигии тарафҳо дар шакли илова ба Созишномаи сармоягузории мазкур муайяншуда дароз карда шавад, ба шарте ки аз тарафи дигар дар ин бора дар мухлати кутоҳтарин огоҳ карда шавад.
2. Дар сурати қатъ шудани татбиқи Лоиҳа бо сабаби ҳолатҳои ғайричашмдошт дар тӯли на зиёда аз 3 (се) моҳ, муҳлати идомаи Лоиҳа бояд ба ҳамин муддат дароз карда шавад. Агар ҳолатҳои ғайричашмдошт зиёда аз 3 (се) моҳ давом ёбанд, тарафҳо бояд муҳлати мавқуфро тамдид кунанд ё Созишномаи сармоягузории мазкурро бо розигии тарафҳо қатъ намоянд.
МОДДАИ 22. КАТЪИ АМАЛИ СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ
1. Созишномаи сармоягузории мазкур бо розигии Тарафҳо бекор карда мешавад.
2. Созишномаи сармоягузории мазкур метавонад якҷониба бо роҳи фиристодани огоҳинома дар давоми 60 (шаст) рӯз дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:
Бо ташаббуси Ҳукумат:
- дар ҳолате, ки агар Сармоягузор ба таври дахлдор шартҳои Созишномаи сармоягузории мазкурро вобаста ба муҳлат ва андозаи сармоягузориҳо бо сабаби вобаста аз Сармоягузор иҷро накунад. Бо мақсади пешгирӣ намудани тафсири нодуруст, то он даме, ки сармоягузориҳои анҷомдодашуда ба нишондиҳандаҳои ҳисоби наздик мешаванд, он бояд сабаби қатъи созишномаи сармоягузории мазкур нагардад;
Бо ташаббуси сармоягузор:
- агар Ҳукумат ё мақомоти давлатии дигар ба амалӣ намудани Лоиҳа монеа ва мушкилиро ба миён оваранд;
- агар Ҳукумат ё мақомоти давлатии дигар уҳдадориҳои дар доираи Созишномаи сармоягузории мазкур қабулнамудаи худро иҷро накунанд;
- агар тибқи ҳисоботи Сармоягузор пас аз 1 (як) соли имзо шудани Созишномаи сармоягузории мазкур муайян гардад, ки Лоиҳа бо сабабҳои вобаста аз Ҳукумат ё дигар мақомоти давлатии дигар амалӣ карда намешавад.
Дар сурати бекор кардани созишнома сармоягузории мазкур бо ташаббуси Сармоягузор, Ҳукумат уҳдадор мешавад, ки ҳуқуқи бемонеа баровардани таҷҳизот, техника, натиҷаҳои моликияти зеҳнии барои татбиқи лоиҳа истифодашаванда ва молу мулки дигари дар моликияти ширкати лоиҳавӣ қарордоштаро таъмин намояд.
МОДДАИ 23. ҚОНУНГУЗОРИИ АМАЛКУНАНДА ВА ҲАЛЛИ БАҲСҲО
1. Созишномаи сармоягузории мазкур мутобиқи қонунгузории амалкунанда танзим ва тафсир карда мешавад.
2. Дар бораи ҳама гуна баҳсҳое, ки байни тарафҳо дар асос ё вобаста ба Созишномаи сармоягузории мазкур ба миён меоянд, огоҳинома ба тариқи хаттӣ бо воридкунии иттилооти муфассал оид ба он ирсол карда мешавад. Ба қадри имкон тарафҳо бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки чунин баҳсро ба воситаи машварат ва гуфтушунид ҳаллу фасл намоянд.
3. Агар баҳсро бо роҳи машварат ва гуфтушунид дар давоми 6 (шаш) моҳ аз санаи фиристодани огоҳиномаи хаттӣ, ки дар банди 2 моддаи 23 зикр шудааст, ҳал кардан мумкин набошад, баҳс барои баррасӣ ба мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.
4. Суд инҳоро ба асос мегирад:
- Созишномаи сармоягузории мазкур;
- қонунгузории амалкунанда;
- қоидаҳо ва шартҳои умумии эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар бораи сармоягузорӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст.
5. Дар сурати норозӣ будани яке аз тарафҳо бо қарори суд, тарафҳо ҳуқуқ доранд ба суди арбитражи байналмилалӣ, ки тибқи мувофиқаи тарафҳо муайян карда мешавад, муроҷиат кунанд.
МОДДАИ 24. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
1. Созишномаи сармоягузории мазкур дар рӯзи тасдиқ (ратификатсия) аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани он эътибор пайдо мекунад.
3. Муҳлати амали созишномаи сармоягузории мазкур аз рӯзи тасдиқ гардидани он 10 (даҳ) солро дар бар мегирад.
3. Созишномаи сармоягузории мазкур дар шаҳри Душанбе 12 августи соли 2024 дар ду нусхаи аслӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба имзо расонида шуд. Дар ҳолати ба миён омадани мухолифат дар тафсири муқаррароти созишномаи сармоягузории мазкур, матни русии он бартарӣ дорад.
АЗ НОМИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур _______________________
АЗ НОМИ САРМОЯГУЗОР
Роҳбари Ширкати “Сипар Групп Лимитед”
Аҳмад Раза
_______________________
| |