ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва Нақшаи амали соли 2025 Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин намояд.
3. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро таъмин карда, ҳар сол то 31 декабр ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
4. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 1 октябри соли 2024, № 526
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О Государственной программе развития театрального искусства в Республике Таджикистан на 2025-2029 годы
В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Утвердить Государственную программу развития театрального искусства в Республике Таджикистан на 2025-2029 годы и План действий 2025 года Государственной программы развития театрального искусства в Республике Таджикистан на 2025-2029 годы (приложения 1 и 2).
2. Министерству культуры Республики Таджикистан в сотрудничестве с соответствующими министерствами и ведомствами, исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республики обеспечить реализацию настоящей Программы и её Плана действий в рамках средств государственного бюджета и других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.
3. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республики обеспечить выполнение настоящей Программы и её Плана действий и ежегодно до 31 декабря представлять информацию в Министерство культуры Республики Таджикистан.
4. Министерству культуры Республики Таджикистан ежегодно до 1 февраля представлять в Правительство Республики Таджикистан информацию о ходе выполнения настоящей Программы и её Плана действий.
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 1 октября 2024 года №526