Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 аз 1 октябри соли 2024, № 526

Санаи амалкуни: 01.10.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2024, № 526

Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 

1. Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 (минбаъд - Барнома) барои амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардидааст.

2. Барнома самтҳои асосӣ, афзалият, вазифаҳо ва амалисозии сиёсати давлатиро дар соҳаи санъати театрӣ муайян намуда, инчунин ба рушд, идоракунӣ, маблағгузории сохтор ва мазмуни низоми театрӣ, сиёсати кадрӣ ва иҷтимоӣ дар ин соҳа мусоидат мекунад.

3. Барнома низоми ягонаи тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа, ташаккули низоми устувори такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои театриро ба роҳ мемонад.

4. Барномаи мазкур бо дар назар доштани зарурати гузаронидани ислоҳоти ҷиддӣ оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати намоишҳои театрӣ, таҳсилоти театрӣ ва шаклҳои гуногуни театрҳои касбӣ ба ҳал намудани вазифаҳои муҳим дар низоми театрии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪ ВА МУШКИЛОТИ МУАССИСАҲОИ ТЕАТРӢ

5. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 18 театри касбӣ фаъолият мекунанд. Аз ин теъдод 1 театр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 7 театр дар вилояти Суғд, 4 театр дар вилояти Хатлон ва 6 театр дар шаҳри Душанбе ҷойгир мебошанд, ки барои рушди маънавиёт ва фарҳанги ҷомеа хизмат мерасонанд.

6. Дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои давлатии «Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назаров»-и шаҳри Хуҷанд, «Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона»-и шаҳри Бохтар, «Театри ҷумҳуриявии драмаи-мусиқӣ ба номи Маҳмудҷон Воҳидов»-и ноҳияи Ашт ва «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавӣ»-и ноҳияи Данғара таъсис ёфта, фаъолияти пурсамар доранд.

7. Театрҳои касбии ҷумҳурӣ аз лиҳози норасоии коргардонҳо, ҳунарпешаҳои ҷавони боистеъдод, театршиносони касбӣ, драматургон, мунаққидон, продюсерон, менеҷерҳои театрӣ, кормандони техникии саҳна, инчунин суст будани заминаи моддию техникӣ, аз ҷумла норасоии таҷҳизоти замонавии саҳнавӣ, асбобу воситаҳои тақвияти садо, рӯшноидиҳӣ, амсилаи саҳнаи сайёр ва студияҳои ҳунарӣ ба беҳбудӣ ниёз доранд.

8. Айни замон дар қисмати бештари театрҳо, ки мақоми театри мусиқию мазҳакавӣ, мусиқию драмавиро доранд, бахши мусиқӣ, оркестрҳо, мудирони бахши мусиқӣ, композиторон, шоирони либреттонавис кам буда, аз ин сабаб дар театрҳо асарҳои мусиқию драмавӣ, мусиқию мазҳакавӣ аҳёнан ба саҳна гузошта мешаванд.

...
Приложение 1 
к постановлению Правительства 
Республики Таджикистан 
от «1» октября 2024 года, №526

Государственная программа развития театрального искусства в Республике Таджикистан на 2025-2029 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

 

1. Государственная программа развития театрального искусства в Республике Таджикистан на 2025-2029 годы (далее - Программа) разработана для реализации Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2030 года.

2. Программа определяет основные направления, приоритеты, задачи и реализацию государственной политики в области театрального искусства, а также способствует развитию, управлению, финансированию структуры и содержанию театральной системы, кадровой и социальной политики в этой сфере.

3. Программа осуществляет единую систему подготовки высококвалифицированных специалистов отрасли, формирования устойчивого регламента повышения квалификации и переобучения кадров, укрепления материально-технической базы театральных учреждений.

4. Настоящая Программа направлена ​​на решение важных задач в театральной системе Республики Таджикистан с учетом необходимости проведения серьезных реформ по повышению уровня и качества театральных представлений, театрального образования и различных форм профессиональных театров.


2. АНАЛИЗ СОСТОЯНИЯ И ПРОБЛЕМ ТЕАТРАЛЬНЫХ УЧРЕЖДЕНИЙ

 

...