ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, № 98
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, № 98 «Дар бораи таъсис ва маблағғузории Интернет-портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироти зерин ворид карда шавад:
дар банди 3 калимаҳои «Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд:
- бандҳои 4 ва 5 хориҷ карда шаванд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 сентябри соли 2024, № 516
...