Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017 № 98 "Дар бораи таъсис ва маблағгузории Интернет-портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсис ва маблағгузории Интернет-портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.09.2024 № 516)

Бо мақсади таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати пайдо кардани дастрасии пурра, саривақтӣ ва ройгон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин амалӣ намудани чораҳои пешбининамудани Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2015, № 673 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Интернет-портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки дастрасӣ ба ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Интернет-портал ҷой додашуда, аз ҷумла иттилооти бо низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ пешбинигардида озод ва ройгон ба амал бароварда мешавад.

3. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор оид ба ташаккул, пешбурд ва таъмини фаъолияти Интернет-портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.09.2024 № 516).

4. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.09.2024 № 516).

5. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.09.2024 № 516).

6 Муқаррар карда шавад, ки Интернет-портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2017 ба фаъолият оғоз менамояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 25 феврали соли 2017 № 98

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании и финансировании Интернет-портала правовой информации Республики Таджикистан

(в редакции пост. Правительства РТ от 28.09.2024 №516)

В целях обеспечения права граждан на получение полного, своевременного и бесплатного доступа к нормативным правовым актам, а также реализации мер, предусмотренных Концепцией системы анализа регуляторного воздействия в Республике Таджикистан, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 18 ноября 2015 года, №673 Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать Интернет-портал правовой информации Республики Таджикистан.

2. Установить, что доступ ко всем нормативным правовым актам, размещенным на Интернет-портале, а также информации, предусмотренной системой анализа регуляторного воздействия, осуществляется на свободной и бесплатной основе.

3. Определить Национальному центру законодательства при Президенте Республики Таджикистан уполномоченным органом по формированию, ведению и обеспечению функционирования Интернет-портала правовой информации Республики Таджикистан (в редакции пост. Правительства РТ от 28.09.2024 №516).

4. Исключен (в редакции пост. Правительства РТ от 28.09.2024 №516).

5. Исключен (в редакции пост. Правительства РТ от 28.09.2024 №516).

6. Установить, что Интернет-портал правовой информации Республики Таджикистан начнет функционировать с 1 июля 2017 года.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 25 февраля 2017 года, № 98